Курсҳои омӯзишӣ барои кормандони ғайритахассусии КМТ

Июль 29, 2015 05:30

Душанбе, 29.07.2015. (АМИТ «Ховар», Раъно  Нусратуллозода).-28 июл дар Маркази такмили ихтисоси Китобхонаи миллии Тоҷикистон  барои 18 корманди китобхона, ки мутахассисони ғайрисоҳавӣ мебошанд, курси такмили ихтисос оид ба омӯзиши «Асосҳои дониши китобдорӣ — иттилоотӣ» оғоз гардид. 
Тавре ки  аз Китобхонаи миллӣ иттилоъ доданд, чунин курси омӯзишӣ ба кормандоне, ки қаблан таҳсилоти китобдорӣ надоштанд, зарур буда, онҳо бо кори китобдорӣ аз наздик ошно мешаванд. 
Ба кормандон муовини директори китобхона Г. Маҳмудов, доктори илмҳои  таърих С. Муҳиддинов,  номзади илҳои таърих Қ.Буриев, номзади илмҳои педагогӣ  Ш.Комилзода, номзади илмҳои педагогӣ  Б.Холов  ва сардорони шуъбаву марказҳо ҳамарӯза тибқи низоми тарҳрезишуда дар мавзӯъҳои гуногун дарс мегӯянд.

 

Июль 29, 2015 05:30

Хабарҳои дигари ин бахш

НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид