М. Достиев ба курсии Парлумон менишинад
Душанбе, 01.07.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Тибқи санадҳои қонунгузории кишвар ваколати вакили Маҷлиси намояндагон Низом Қосим бинобар интихоб гардиданаш ба ҳайси раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба анҷом расид.
Бояд тазаккур дод, ки Низом Қосим дар интихоботи парлумонии 1 марти соли равон аз ҳавзаи ягонаи интихоботии умумиҷумҳуриявӣ тибқи рӯйхати Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон вакили Маҷлиси намояндагон интихоб гардида буд. Дар ин росто дар асоси рӯйхати ҲХДТ бидуни баргузории интихобот Миралӣ Достиев- директори Театри академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ, ки узви ҲХДТ аст, ба курсии вакили Маҷлиси намояндагон менишинад. Миралӣ Достиев -ҳунарманди мардумии Тоҷикистон қаблан дар вазифаи муовини аввали вазири фарҳанги кишвар фаъолият дошт ва дар байни мардум бо сурудани таронаҳои ватанпарастӣ ва операвӣ маҳбубият дорад.








Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад






