Маросими истиқболи расмии Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон
Душанбе, 13.07.2015. (АМИТ «Ховар»). — Сафари давлатии Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Нарендра Моди, ки шоми дирӯз вориди шаҳри Душанбе шуд, имрӯз бо мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оғоз ёфт.
Барои истиқболи меҳмони олимақом майдони назди Қасри Миллат ба таври хоса омода гардида, ҷузъутомҳои Горди фахрӣ ва оркестри асбобҳои нафасӣ саф оростанд.
Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон меҳмони олимақом Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Нарендра Модиро истиқбол гирифта, ба болои минбари ифтихорӣ даъват намуд.
Маросими истиқболи расмӣ бо гузориши фармондеҳи Горди фахрӣ ва садо додани сурудҳои миллии ду кишвар оғоз ёфт. Ҳамзамон бо сурудҳои миллӣ тибқи муқаррароти ташрифотӣ садои 21 шиллик аз тӯпхонаҳо дар фазои шаҳри Душанбе танинандоз гардид, ки танҳо хоси сафарҳои давлатӣ аст.
Маросими бошукӯҳи истиқбол сипас бо гузаштани якҷояи Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Нарендра Моди аз назди ҷузъутомҳои Горди фахрӣ, арзи эҳтиром ба Парчами давлатии Тоҷикистон ва салому дуруди меҳмони олимақом ба афсарону сарбозон ва шиносоӣ бо ҳайатҳои расмии ду давлат идома ёфта, бо расми гузашти низомии Горди фахрӣ аз назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва меҳмони олимақом, Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Нарендра Моди ба поён расид.
Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.








Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад






