Машварати кории Сарвари давлат вобаста ба рафти корҳои барқарорсозӣ дар минтақаҳои аз офати табиӣ зарардидаи Бадахшон

Июль 30, 2015 11:33

Душанбе, 30.07.2017. (АМИТ «Ховар»). — Нимаи дуюми рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар шаҳри Хоруғ бо аъзои Ҳукумати мамлакат, роҳбарияти мақомоти иҷроияи маҳаллии хокимияти давлатии вилоят, роҳбарони аввали мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии вилоят вобаста ба рафти корҳои барқарорсозӣ дар минтақаҳои аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон машварати корӣ доир намуд.
Аз рӯи ин масъала нахуст ахбороти муовини Сарвазири мамлакат Азим Иброҳим шунида шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки айни ҳол дар минтақаҳои аз офат зарардида дар асоси супориши Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон корҳо муташаккилона идома дошта, кӯмакҳои яквақтаи Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамчунин маводи ниёзи аввал пурра ба оилаҳои зарардида дастрас карда шуд.
Барои барқарор кардани роҳи харобгашта дар ноҳияи Шуғнон роҳсозон ба таври шабонурӯзӣ фаъолият карда истодаанд.
Корҳои сохтмонӣ дар маҳалли бунёди манзилҳои истиқоматӣ барои оилаҳое, ки хонаҳояшон пурра ё қисман  хароб гардидааст, тибқи дастуру супоришҳои Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҷараён дорад.
Вобаста ба иҷрои корҳо инчунин ахбороти Вазири нақлиёти ҷумҳурӣ Шералӣ Ганҷалзода, Сардори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ Хайриддин Абдураҳимов ва директори Агентии захираҳои моддии давлатӣ Нурмаҳмад Ахмедов шунида шуд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бори дигар таваҷҷӯҳи масъулини Ҳукумати мамлакат, аъзои комиссияи давлатӣ ва ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба рафъи оқибатҳои офати табииро барои иҷрои саривақтию босифати дастуру супоришҳо ҷалб намуда, баҳри ҳарчи зудтар кашидани хатти интиқоли неруи барқ, об, алоқа, шабакаи обу корез, таъмини техника барои таъмири роҳҳо ва
бунёди пулҳо, таъмини аҳолӣ ва сохтмончиён бо масолеҳи сохтмонӣ, аз ҷумла семент, чубу тахта ва дару тиреза супоришҳои мушаххас дод.
Ҳамчунин вазорату идораҳо ва мақомотҳои дигари дахлдор  вазифадор гардиданд, ки барои бунёди бинои нави мактаб, бунгоҳи тиббӣ, таъмини хонандагон бо асбобу анҷоми таълимӣ ва китобҳои дарсӣ, барқарор намудани шиносномаҳои шаҳрвандон ва шинонидани ниҳол ва ободониву кабудизоркунии маҳалҳои шаҳраки навбунед дар ноҳияи Шуғнон барои оилаҳои аз офати табиӣ зарардида чораву тадбирҳои таъхирнопазир андешанд.

 

Июль 30, 2015 11:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид