Меваҳои шаҳдбори Ҳисор
Ҳисор, 24.07.2015. (АМИТ «Ховар», Ҳотами Шариф).- Боғдорони ноҳияи Ҳисор дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ба миқдори 22,8 ҳазор тонна мева истеҳсол намуданд, ки нисбат ба соли 2014 — 1 723 тонна зиёд аст. Ин нишондиҳанда дар бахши ҷамъиятӣ ва деҳқонӣ 933 тоннаро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригашта 470 тонна зиёд мебошад.
Бо истифода аз таҷрибаи кишварҳои Аврупо ҷиҳати бунёди боғҳои интенсивӣ бо технологияи пешрафтаи замонавӣ ва дар ин замина зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти ба меъёрҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯй дар ноҳия тадбирҳои зарурӣ андешида шуданд. Дар айни замон дар майдони 30 гектар боғи интенсивӣ бунёд ёфт. Барои рушди соҳаи боғу токпарварӣ имсол дар масоҳати 149 гектар боғу токзори нав бунёд шуд.








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид
Дар ҷамоатҳои деҳоти Ясману Ҳоити ноҳияи Рашт ба ифтихори Рӯзи Конститутсия ҳамоиши идона доир гардид
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Хуҷанд бошукуҳ таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии Арбитраж дар Чин иштирок намуд
«КОНСТИТУТСИЯ–САРОҒОЗИ НИЗОМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ–адабӣ гузаронида шуд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Рустами Эмомалӣ аз ҷойҳои таърихию муқаддаси шаҳри бостонии Бухоро боздид намуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагон ҳамоиши идона доир шуд






