Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо намояндагии корпусҳои дипломатӣ ва кишварҳои мададрасон

Июль 20, 2015 14:50

Душанбе, 20.07.2015. (АМИТ «Ховар»). — Имрўз Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо намояндагии корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон, кишварҳои мададрасон ва ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ мулоқот кард. Сарвазири ҷумҳурӣ иштирокчиёни мулоқотро бо сабабҳо, ҳолати ниҳоӣ ва оқибатҳои офатҳои табиии рўзҳои охир ва хисороти он ба мардум ва иқтисодиёти Тоҷикистон шинос намуд. Тавре таъкид гардид, хисороти ба иқтисодиёти Тоҷикистон аз ҳисоби офатҳои табиӣ расида то имрўз аз рўи ҳисобҳои пешакӣ беш аз 50 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Бар асари офатҳои табиии рўзҳои охир дар шаҳру ноҳияҳои Шуғнон, Ванҷу Дарвоз ва Рўшони Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, Мастчоҳи Кўҳӣ, Айнӣ ва Панҷакенти вилояти Суғд, Панҷ, Ҳамадонӣ, Бохтар ва Ҷилликули вилояти Хатлон, шаҳру ноҳияҳои гурўҳи минтақаи Рашт ва дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат шумораи зиёди манзилҳои истиқоматӣ, роҳу купрукҳо, хаттҳои интиқоли барқ ва дигар иншооти таъиноти гуногун хароб гардида, мушкилоти зиёде пешорў гузоштаанд. Аз иштиркчиёни мулоқот даъват ба амал оварда шуд, ки дар барқарорсозӣ ва бартарафсозии оқибатҳои офатҳои таббии дар Тоҷикистон бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкорӣ намоянд. Намояндагии корпуси дипломатии муқими Тоҷикистон, кишварҳои мадарасон ва ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ дар навбати худ барои иштирок дар раванди барқарорсозӣ ва бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон омодагию ҳавасмандии худро изҳор намуданд.

Июль 20, 2015 14:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд