Муносибатҳои дуҷониба бо Русия дар асоси принсипи шарикии стратегӣ амалӣ мешуданд

Июль 29, 2015 05:58

Душанбе, 29.07.15. (АМИТ «Ховар»). – «Муносибатҳои  дуҷониба  бо Федератсияи  Русия бо назардошти принсипи  шарикии  стратегӣ амалӣ  шуда,  ҳамкории бисёрҷониба  таҳким  меёбад», —  гуфт  вазири  корҳои  хориҷии  Тоҷикистон  Сироҷиддин  Аслов  дар  нишасти  матбуотӣ.
«Тайи  6 моҳи  соли  равон ҷаласаи Комиссияи  13 – уми  байниҳукуматӣ  оид  ба ҳамкории  иқтисодии  байни Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ва  Федератсияи  Русия (4 март,  шаҳри  Маскав),  ҷаласаи  10 – уми Гурӯҳи  кории  Тоҷикистон  ва Русия барои  ҳалли  масоили марбут ба татбиқи Созишномаи  байниҳукуматӣ оид ба фаъолияти  меҳнатӣ  ва  хифзи  ҳуқуқҳои  шаҳрвандони  ҶТ  дар  Федератсияи  Русия  ва  шаҳрвандони  Федератсия  дар  ҶТ   аз  16  октябри  соли  2004 (27 – 28  май)  баргузор  гардиданд», — зикр намуд  С.Аслов. 
Ҳамчунин ҳамкории бисёрҷониба  бо  кишварҳои  ҳамсоя  ва   шарикони  анъанавӣ,  аз ҷумла бо  Қазоқистон,  Ӯзбекистон,  Қирғизистон,  Туркманистон,  Беларус,  Озарбойҷон  ва  Арманистон  густариш  ёфт. Мулоқоту  чорабиниҳои  мухталиф  дар  сатҳи  гуногун  сурат  гирифтанд.
С.Аслов  изҳор  дошт, ки  дар  ин  давра  ҳамчунин сафарҳои  расмии сарвазири  Қирғизистон  ва  вазири корҳои  хориҷии  ин  кишвар  ба  Тоҷикистон, ҷаласаҳои  комиссияҳои байниҳукуматӣ  оид ба  ҳамкории  тиҷоратию  иқтисодии  байни Тоҷикистону  Ӯзбекистон (22 – 23  июн, шаҳри  Тошкент)  ва байни  Тоҷикистону  Қазоқистон (19 – 20  март),  Рӯзҳои  фарҳанги  Тоҷикистон  дар  Қирғизистон (8 – 12 июн)  баргузор  шуда, бори нахуст  «Ҳафтаи  синамои тоҷик» дар  Озарбойҷон  (10 – 14  март)  доир гардид.
Дар  ин  давра  чорабиниҳои  сершумор,  аз  ҷумла ҷаласаи  Шӯрои сарони ҳукуматҳои  ИДМ (май),  ҷаласаи  Шӯрои  вазирони  корҳои  хориҷии  ИДМ (3  апрел,  шаҳри  Бишкек), чорабиниҳои ботантана  ба  ифтихори  пойтахтҳои  фарҳангии  ИДМ  дар  соли  2015 эълон  шудани  шаҳри  Кӯлоб  ва  шаҳри  Воронеж (25 март, шаҳри  Кӯлоб) роҳандозӣ  шуданд.
Соли  2015  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  раисӣ  дар  СААД — ро аз Федератсияи  Русия  қабул  карда,  дар  ин  давра  дар  Тоҷикистон  бо  иштироки  сохторҳои  мухталифи  СААД  якчанд  ҷаласа  ва чорабиниҳо  рӯи  кор оварда,  аз ҷумла  ҷаласаи  навбатии Шӯрои  вазирони  корҳои  хориҷии  кишварҳои  СААД  (2  апрел)  таҳти раёсати  вазири  корҳои  хориҷии  ҶТ  баргузор шуд.
Вазорати  корҳои  хориҷии  Тоҷикистон  дар  нимсолаи  якуми  соли  равон  барои  рушди  муносибатҳои  бисёрҷониба бо   кишварҳои  мухталиф саъю  кӯшиши  зиёдеро  ба  харҷ  дод.

Июль 29, 2015 05:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд