Муроҷиатномаи аҳли маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳбарияти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон
Душанбе, 9.07.2015.(АМИТ «Ховар»).-Чун анъана, 27 июни соли равон мардуми шарифи Тоҷикистон 18-умин солгарди имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллиро, ки барҳақ Рӯзи Ваҳдати миллӣ эълон шудааст, бо дили кушод ва умед ба зиндагии боз ҳам шоиста ҷашн гирифтанд. Воқеан, кист, ки дар ин рӯзи фараҳбахш шоду хурраму масрур ва аз тақдири худ розӣ набошад?! Бемуҳобот, баракати ин рӯзро ҳар фарди ҷомеа ҳар лаҳзаву ҳар соат мушоҳида мекунад. Аммо мушоҳида карда истодаем, ки роҳбарияти Ҳизби наҳзати исломӣ дар ин рӯзҳо бо муроҷиатномаҳои бепояи хеш ба унвони Роҳбари давлат ва ташкилотҳои байналмилалӣ коҳи куҳнаро бод медиҳанд.
Бояд гуфт, ки чун тамоми мардуми шарафманд ва равшанфикри Тоҷикистон аҳли маорифи кишвар, омӯзгорону устодон ва донишҷӯёну толибилмон, ки дар ҳама давраи таърих парчамбардорони маърифат буданд ва корнамоиҳои онҳо дар солҳои бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ баҳри решакан кардан ва барафкандани занҷири асорат, торикӣ, ҷаҳолат ва ба маърифату илмомӯзӣ ҷалб кардани оммаи халқ аз хотирҳо зудуда нашудааст, ин рӯзи мубораку таърихиро дар ҳаёти мардуми тоҷик бо рӯйи сурху сарбаландӣ таҷлил карданд. Аз дасти «ҳомиён»-и шариат куштану ба дор кашидани муаллиму муаллимаҳо дар он солҳои ваҳшатбор аз хотирҳо зудуда нагаштааст. Мутаассифона, имрӯз ҳастанд онҳое, ки бо тарғиби рӯҳониёни ҷоҳил, исломиёни сиёсатгаро кӯркӯрона рафтори он хуношомонро ҳақ бароварданӣ мешаванд ва ин сиёсати ваҳдаткушро нисбат ба парчамбардорони чароғи маърифат идома доданӣ мешаванд. Мабод он рӯз! Чароғи маърифат хомӯш нахоҳад гардид, чунки мардуми шарифи Тоҷикистон оқибати исломи сиёсӣ, сиёсати хавфнокро медонад ва роҳ нахоҳад дод, ки ҷомеа дубора ба хоку хун оғӯшта гардад. Ҳоло аз он муддат вақти зиёд нагузаштааст, ки рӯҳониёни ҷоҳил ва нав сар бароварда, бо ташвиқи гурӯҳҳои тамаъкор, ҳизбҳои дурӯғин ва авомфиреб чун ҳизби наҳзати исломӣ муаллимро кофир ва ҷанозаашро нораво эълон карданд. Ин хатар ҳоло ҳам аз миён нарафтааст. Агар пеши роҳи ин ҷоҳилон гирифта нашавад, ба таъбири устод Садриддин Айнӣ, ба даҳонашон мӯҳри хомӯшӣ зада нашавад, дере нагузашта, ҳазору як шарти дигар ба миён мегузоранд, чун: нодуруст будани ҷашни сари соли нави милодӣ, Наврӯз, Сада ва ғайраву ҳоказо. Дар тамоми таърихи мавҷудияти ислом Наврӯзро манъ накарданд. Аммо имрӯз «ҳомиён» ва «донишмандон»-и ислом пайдо шудаанд, ки Наврӯзро куфр ҳисобиданд. Таърих магар рафтору кирдори ин ваҳшиёни ҷоҳилро кам дидааст? Имрӯз ҳам ин ҷаҳолати онҳо дар ақсои олам аз тарафи гурӯҳҳое бо номи Толибону ҷонибдорони ДОИШ ва ғайра идома дорад. Пас, биёед, ба хотири зиндагии осудаву оромии ин миллати заҳматкаш аз фиребу риё ва таассуб дур бошем.
Дар ин рӯзҳои тантанаи адолат ва солгарди Ваҳдати миллӣ роҳбарияти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) боз бо кадом нияте ба Дабири кулли СММ, ҷаноби Пан Ги Мун ва роҳбарони кишварҳои узви гурӯҳи «Тамос» ба ном барои татбиқи Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон муроҷиатнома қабул кардаанд. Мо, аҳли маориф аз ин амали хушунатбор, авомфиребона ва риёкоронаи шумо, ҷанобон, муздурони сиёсати гурӯҳҳои иртиҷоии хориҷӣ ангушти ҳайрат газидем ва изҳори таассуф мекунем. Наход шуморо таҷрибаи гузашта дарс нашуда бошад?
Биёед, аз нуқтаҳои асосии навиштаҳои шумо шурӯъ мекунем. Шумо дар оғоз аз кадом «амалҳои ғайриқонунӣ, ғайриаҳлоқӣ ва саркӯбгароёнаи Ҳукумати ҷумҳурӣ» ҳарф мезанед? Кадом амали ғайриқонунӣ? Магар шумо қонуни давлати ҳуқуқбунёд ва дунявию демократиро медонед? Агар медонистед, мефаҳмидед, ки дин озод аст, аз давлат ҷудост ва ҷудо намудани мардум ба ҳар гуна тариқату мазҳаб нодуруст аст. Ҳар гуна таъқибу тарғиб, болову паст шуморидани шаҳрвандон мумкин нест. Шумо дар ин бора ҷор заданро дӯст медоред, ки фалон дарсади аҳли мамлакат мусулмонанд ва онҳо бояд нисбат ба дигарон сарбаланду имкони иҷрои рукну шариати худро дошта бошанд. Ҳамин тавр ҳам аст: аҳли ислом тамоми имкониятҳои иҷрои рукнҳои исломии худро доранд ва онҳоро иҷро мекунанд ва касе онҳоро барои ин таъқиб ҳам накардааст. Шумо, роҳбарияти Ҳизби наҳзати исломӣ манфиати гурӯҳи хурди рӯҳониёти худхоҳ, мансабпараст, ҷудоиталаб ва сиёсатмаобро мехоҳед. Ҳол он ки аксари мардуми одии мусулмон ба ин кору кирдори шумо сару коре надоранд ва аз ин савдои зиёнбори шумо дуранд.
Бале, 18 сол пеш бо ҳадафи инсондӯстонаи роҳбарияти мамлакат, миёнаравии ташкилотҳои байналмилалӣ, давлатҳои дӯсти ҳамсоя Созишномаи сулҳ ба имзо расид. Нуқтаҳои онро роҳбарияти мамлакат, қисми тараққипарвари ҷомеаи ҷаҳонӣ дурусту саривақтӣ дониста ва ба он арзи эҳтиром гузоштанд. Аммо ин маънои онро надорад, ки давлат аз амалҳои нодурусти баъзе ашхоси кӯрдил, ҷиноятпеша, мардумозор, фиребгар, бадаҳлоқ дар паси пардаи дин чашм пӯшад. Имрӯз давлат мустаҳкам шудааст, худро ҳифз карда метавонад, манфиати милливу халқи заҳматкашро ҳимоя мекунад, қувваи кофӣ дорад, ки алайҳи ҷинояткорон истодагарӣ кунад ва мубориза барад. Шумо беҳуда дар чунин вазъи ҳассос аз риояи кадом як нуктаҳои созишнома ҳарф мезанед. Баъдан фаромӯш набояд сохт, ки Ҳукумати кишвар бо мухолифини вақт Созишномаи сулҳро ба имзо расонида буданд, на бо Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ки онро ҳамчун истеҳкоми худ қарор додаанд.
Бо вуҷуди ин, Ҳукумати кишвар ба хотири устувории сулҳ ва ваҳдати умум ба Ҳизби наҳзати ислом дасти иттиҳом ва ҳамкорӣ дароз кард ва дар интихоботи пешин барои ба Парлумони мамлакат роҳ ёфтани он фазои мусоиди сиёсӣ эҷод кард. Аммо роҳбарияти ҳизб аз ин имконият ҳамчун ҳизби воқеъгаро ва иштирокчии фаъоли ҷомеаи навин дар роҳи такмили ҷомеа ва беҳбуд бахшидани вазъи мардум ягон пешниҳоди конструктивӣ накардааст ва фақат дар пайи эҷоди тафриқа дар миёни мардуми эътиқодманди дини мубини ислом мебошад. Албатта, метавон гуфт, ки Ҳизби наҳзати исломӣ ҳаққи ба ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ муроҷиат карданро дорад, ҳизбест, ки дар қатори ҳашт ҳизби кишвар то ин вақт фаъолият дошту дорад. Инчунин гирифтани пеши роҳи муллоёни авомфиреб, аз ҷумла аъзою тарафдорони ҳизби шумо ҳеч гоҳ маънои чи хеле ки гуфтаед, «сиёсатҳои интиқомҷӯёна, саркӯбгароёна ва таҳдиду фишор алайҳи шарикони сулҳ »-ро надорад. Агар шумо лаҳзаҳои фош кардани афроди фиребгару ҷинояткорро дар назар дошта бошед, онҳо ба ҷониби дигари ҳуҷҷати сулҳро имзо карда наздикие надоранд. Шумо бо ин ҳарфҳоятон худро фош месозед, ки дар сафҳоятон чунин ашхоси ҷиноятпеша ҳастанд ва ҳарос доред, ки онҳо фош мешаванд. Аз тарси ҷон созмонҳои бонуфузи байналхалқӣ, шарикони сулҳро ба ёрӣ ва шоҳидӣ даъват мекунед. Аммо ин тиратон хок мехӯрад. Шумо давлату миллати тоҷикро тарсонда, ба зону шинонда наметавонед.
Дар муроҷиатномаатон дар бораи аз узвияти ҳизби шумо маҷбуран даст кашидани «ҳазорон нафар ва ба хориҷа ҳиҷрат» намудани онҳо ҳарф мезанед. Мо, омӯзгорон, ки ҳамеша дар байни мардум ҳастем, ба ҳазорон нафар будани узви шумо шак дорем. Баъдан, аз ҷавобгарӣ ба хориҷа гурехтани чанд нафар ҷиноятпеша маънои ҳазорон нафарро надорад ва он ба халқи одии заҳматпеша муносибате дошта наметавонад. Шумо мақомоти Тоҷикистонро бо он тарсонданӣ мешавед, ки пешгирии ҷиноятпешагон, кирдорҳои ношоями чанде аз рӯҳониёни ифротӣ сабаби «ба гурӯҳҳои радикалии пинҳонӣ пайвастани аҳолӣ ва мусаллаҳ шудани онҳо» мегардад. Чунин гурӯҳҳои тундрав аллакай пайдо шудаанд ва худатон медонед, ки дар хоки кишварҳои наздик амал мекунанд ва ба сари мардуми он кишварҳо фалокатҳои зиёдро бор кардаанд. Боз аз дохили кишвари ободу озоду ороми Тоҷикистон гӯё онҳоро ба ёрӣ даъват мекунед. Барои шумо сулҳу оромии чанд кишвари мусулмонии боқимондаи Осиёи Миёна гӯё зиён меорад ва мехоҳед ин кишварҳоро ҳам ба доми бало гирифтор кунед.
Пурсида мешавад, чӣ намерасад ба мардуми мусулмони мо, ки мусаллаҳ шуда, аз ҳаққи худ дифоъ кунанд. Дар мамлакат ҳазорҳо масҷиду даҳҳо мадрасаҳо амал мекунанд. Ё мегирем, вақтҳои охир, думравони шумо масъалаи «бастани» гимназияи исломиро бардоштаанд. Ҳеҷ кас ин гимназияро набастааст. Дар чанд соли охир бо як низом ҳукумат бинову муассисаҳои таълимии дар солҳои нооромӣ ғайриқонунӣ шахсишударо баргардонда истодааст. Теъдоди чунин муассисаҳои ба дасти корчаллонҳо афтида хеле зиёд буд. Акнун ангуштшумор мондааст ва бинои гимназия ҳам аз ҷумлаи онҳо буд, ки бо дасти як нафар хориҷӣ шахсӣ шуда буд ва то ба ин вақт фоидааш ба киссаи хориҷиён мерафт. Чаро баъзеҳо инро нодида мегиранд ва беҳуда ҷор мезананд?
Ҳадафи муроҷиатномаи бепояи шумо об рехтан ба осиёби гурӯҳҳои моҷароталаби хориҷӣ аст. Шумо бо чунин муроҷиатҳои расмию ғайрирасмӣ кирдорҳои ҷиноятии худ ва баъзе аъзоятонро рӯйпӯш кардан мехоҳед. Ба андешаи мо, ҳоло ҳам дер нашудааст. Агар аз рӯйи мантиқ бингаред, ҳизбҳои ифротии исломӣ дар кишварҳои ҷангзада амал мекунанд ва шояд дар муддате кӯтоҳ манфиати гурӯҳи калонро ҳимоя карда тавонанд. Аммо таъкид мекунем, дар муддати кӯтоҳ. Мисрро ба хотир оваред, ки аз як сол зиёд рӯҳониён давлатро идора карда натавонистанд. Дар Тоҷикистони мо бошад, шукр, қариб ду даҳсола инҷониб сулҳу оштӣ ба таври расмӣ ҷорӣ ва ҳукмфармост. Дар чунин шароит амалкарди ҳизби шумо зарур аст ва кадом вазифаро иҷро мекунад он?
Таҳлили воқеии вазъият нишон медиҳад, ки Ҳизби наҳзати ислом дар шароити ташаннуҷи вазъияти сиёсӣ, зуҳури неруҳои нави ифротгаро ва муборизаи нерӯҳои абарқудрати ҷаҳон барои ҳокимият дар мафкураи одамон ба буҳрони амиқи идеологӣ дучор шудааст ва қудрати ба шароити нав мутобиқ шуданро надорад. Агар ақли солимро ба кор гиред, саривақтист, ки онро бо ташаббуси хеш барҳам диҳед ва ба фаъолияти осоишта аз рӯйи ихтисосу малакаи хеш шурӯъ намоед.
Муҳтарам Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломӣ, бовар кунед, ки мо барои манфиати насли оянда, таълиму тарбияи дурусти онҳо, ба роҳи росту қуллаҳои дониш раҳнамун намудани фарзандонамон ин ҳарфҳоро мегӯем. Шукр, ҳама мусулмонем. Аз қадимулайём падару бобоёнамон дар муҳити хона, оила ҳар яки моро аз хурдӣ шариати исломӣ омӯхтаанд ва ягон нафар аз ин зиён надидааст. Шарт нест, ки боз ҳизб сохта, як қисми мусулмононро ҷудо карда гиред, ки инҳо мусулмони тоза ҳастанд, дигарҳо на. Ин таҷрибаи талхи ба мазҳабу гурӯҳҳо ҷудо намудани мусулмонҳоро дар тамоми тӯли таърих дидаеду хуб хондаед. Пас, хуб мебуд, ки аз баҳри савдои беҳуда ва зиёновар бароед. Дасти ҳам бигирему Тоҷикистони худро обод созем.