Мусодираи 13 яроқи оташфишон ва 520 лавозимоти ҷангӣ дар сарҳад
Душанбе, 15.07.2015. (АМИТ «Ховар», М. Темурзода).-Дар ҷаласае, ки дирӯз дар Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии ҶТ вобаста ба ҷамъбасти шаш моҳи соли сипаришуда баргузор гардид, аз ҷониби роҳбари ин ниҳод Раҷабалӣ Раҳмоналӣ зикр шуд, ки сарҳади Тоҷикистону Афғонистон бо қочоқчиён ва вайронкунандагони хати сарҳад 18 маротиба задухӯрди мусаллаҳона ба вуқуъ пайвастааст. Ҳамчунин кӯшиши убури хати сарҳад 6 маротиба пешгирӣ шуда, 9 қочоқчӣ дастгир гардида, 11 вайронкунандаи хати сарҳад нобуд карда шуда, 1 нафар захмдор шудааст.
Дар давраи ҳисоботӣ сарҳадчиёни тоҷик 13 яроқи оташфишон, ҳамчунин 520 дона лавозимоти ҷангиро мусодира намуданд.
Тавассути нуқтаҳои гузаргоҳҳои сарҳадӣ 1 млн. 335 ҳазору 724 шаҳрванд, 108 ҳазору 593 воситаи нақлиёт гузаронида шуда, 34 вайронкунандаи низоми сарҳадӣ дастгир гардидааст.
Ғайр аз ин дар ин давра сарҳадчиён дар якҷоягӣ бо намояндагони сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ 32 амалиёти махсус гузарониданд.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ иттилоъ доданд.








Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






