Н. Салимзода: Бемориҳои аз ҳайвон ба одам гузаранда кам шудаанд

Июль 8, 2015 07:24

Душанбе, 08.07.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-  Дар шаш моҳи аввали соли равон  нишондиҳандаҳои бемориҳои тавассути об гузаранда, бо ваксина идорашаванда, бемориҳои шадиди роҳҳои нафас ва аз ҳайвонот ба одам гузаранда нисбат ба ҳамин давраи соли 2014 паст буда, аз натиҷаи чорабиниҳои зиддиэпидемикии саривақтӣ гувоҳӣ медиҳанд. Ин нуктаро имрӯз, 8 июл зимни нишасти матбуотӣ вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Нусратулло Салимзода ироа намуд. 
Бино ба гуфтаи вазир дар ҳамин давра аз тарафи мутахассисони марказҳои назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилоятҳо ва  шаҳру  ноҳияҳо дар иншооти зериназоратӣ оид ба риояи талаботи санитарию эпидемиологӣ 24480 санҷиш гузаронида,  нисбат ба 6309  нафар протокол тартиб дода шуда, ба маблағи   676 895  сомонӣ ҷарима баста шудааст. Инчунин фаъолияти 584 иншоот муваққатан боздошта шуда, 308 нафар ҳомилони бемориҳои сироятӣ муввақатан то табобат ёфтан аз кор озод  шудаанд.

 

 

Июль 8, 2015 07:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад