Нашри 4 китоб бахшида ба 700-солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ
Душанбе, 15.07.2015 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).-Бахшида ба ҷашни 700-солагии зодрӯзи олим, шоир ва мутафаккири бузурги Шарқ Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муассисаи давлатии «Муҷтамаи ҷумҳуриявии осорхонаи Кӯлоб» ҷилдҳои якум ва дуюми «Ганҷи ирфон»-и Мир Сайид Алии Ҳамадониро аз чоп баровард.
Китоби мазкур дар Муассисаи нашриявии «Ирфон» ва чопхонаи ҶДММ «Илм» нашр гардида, ҷилди якуми ашъор 10 рисола ва ҷилди дуюми осори Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ 27 асари ӯро фаро гирифтааст.
Гуфта мешавад, ки таҳияи асарҳои мутафаккири шинохта дар асоси нусхаҳои хаттие, ки дар захираи дастхатҳои шарқии Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рӯдакии АИТ маҳфузанд, омода шудааст. Аксари асарҳои дар ҷилди мазкур воридшуда аз рӯйи мазмуну мундариҷаи худ илмӣ ва соҳавиянд. Бештари онҳо ба соҳаи фалсафа ва мантиқ мансуб мебошанд.
Ҳамчунин бахшида ба ин Муассисаи нашриявии «Ирфон» ва матбааи ҶДММ «Нашри мубориз» китоби «Шеъри ирфонии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ»-ро низ аз чоп баровард.
Муассисаи нашриявии «Ирфон»-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва чопхонаи ҶДММ «Бебок» китоби муҳаққиқи заҳматписанд Ҳотам Асозодаро зери унвони «Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ: таълифоти илмӣ, ирфонӣ ва адабӣ» бо теъдоди 1000 нусха интишор намуд. Рисолаи мазкур ба пажӯҳиши бисёрҷабҳаи аҳволу осори адиби шаҳир, орифи кабир Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бахшида шудааст. Нашриёти «Дониш»-и Академияи илмҳои Тоҷикистон таҳти унвони «Фавқ» китоберо бо забони русӣ мунташир намуд, ки ба ҷашни 700-солагии олими маъруф бахшида шудааст. Китоб бо эҳтимоми Маркази илмию байналмилалии фарҳангии мусиқии мардуми Шарқ (Борбад) ба чоп омода гаштааст.
Ёдрас мешавем, ки моҳи сентябри соли равон бо қарори ЮНЕСКО ва ибтикори Ҳукумати Тоҷикистон ҷашни 700-солагии зодрӯзи олим, шоир ва мутафаккири бузурги Шарқ Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар сатҳи баланд таҷлил хоҳад гашт.








Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад






