Оғози мулоқоту музокироти сатҳи олӣ миёни Тоҷикистону Ҳиндустон
Душанбе, 13.07.2015. (АМИТ “Ховар”). — Баррасии масоили вобаста ба таҳкими муносиботи дӯстӣ ва густариши ҳамкории судбахши Тоҷикистону Ҳиндустон нахуст дар мулоқоти хосаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Нарендра Модӣ оғоз ёфт.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Нарендра Модро бори дигар хайра мақдам гуфта, аз сатҳ ва муҳтавои муносиботи ду кишвари дӯст изҳори қаноат кард.
Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Нарендра Модӣ бо таваҷҷуҳ ба мақоми муносиби Тоҷикистон дар муносиботи хориҷии кишвараш изҳори бовар намуд, ки сафари давлатиаш ба Тоҷикистон дар роҳи таҳким ва густариши робитаҳои ду кишвар нақши намоён мегузорад.
Хотиррасон бояд намуд, ки аз рӯи натиҷаҳои мулоқоту музокироти сатҳи олӣ ба имзо расидани се санади нав доир ба густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла дар бахшҳои сиёсат, иқтисоду тиҷорат, маориф ва фарҳанг дар назар аст.








КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид
Дар ҷамоатҳои деҳоти Ясману Ҳоити ноҳияи Рашт ба ифтихори Рӯзи Конститутсия ҳамоиши идона доир гардид
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Хуҷанд бошукуҳ таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии Арбитраж дар Чин иштирок намуд
«КОНСТИТУТСИЯ–САРОҒОЗИ НИЗОМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ–адабӣ гузаронида шуд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Рустами Эмомалӣ аз ҷойҳои таърихию муқаддаси шаҳри бостонии Бухоро боздид намуданд






