Оби Зарафшон ба ҷамоатҳои деҳоти Хурмӣ, Саразм ва Суҷина зарари ҷиддӣ расонд

Июль 22, 2015 06:24

Душанбе, 22.07.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-   Бар  асари гармии ҳаво ва аз меъёри муқаррари  баланд гардидани  сатҳи оби дарёи Зарафшон, 21 июл маҷрои об ба дигар тараф равон шуда, ба иншооти муҳими хоҷагии халқ ва аҳолии ҷамоатҳои деҳоти Хурмӣ, Саразм ва Суҷинаи шаҳри Панҷакент  зарари ҷиддӣ расонид.
Аз ҷумла, садди боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Камоли Хуҷанди 150 метр зарар дида,  дар натиҷа як қисми кӯли Ҷавонони боғ шуста шуд.
   Тавре ки котиби матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ Ориф Нозимов хабар дод, майдонҳои заминҳои кишти шолӣ дар ҷамоати деҳоти Саразм 10 га, дар ҷамоати деҳоти Суҷина 3 га,  инчунин 2 га картошка ва 1 га ҷуворимакка зарар дидаанд.
   Дар соҳилҳои дарёи Зарафшон садди деҳаҳои Хурмӣ дар масофаи 300 метр, садди Ҷангал 260 метр, садди Суҷина 400 метр, садди Майкатта 450 метр, садди Хуҷа-Ғариб 500 метр зарар дидаанд.
  Дар соҳили дарё  заминҳои хоҷагии ҷангали шаҳр — 54 га  ҷангалзор ва 9 га шолӣ зарар дидааст. Ҳоло ҳаҷми об дар дарёи Зарафшон дар 1 сония ба 650-700 м3  баробар аст. 
Баҳри бартараф намудани хисороти расида комиссияи ҳолатҳои фавқулода ва хадамоти  ноҳия фаъолият дошта, дар мавзеъҳои офатдида корҳои барқарорсозӣ ва пешгирӣ аз офат идома доранд.

 

Июль 22, 2015 06:24

Хабарҳои дигари ин бахш

НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид