Оилаҳои аз офати табиӣ зарардида то моҳи ноябр соҳиби хонаҳои нав мегарданд

Июль 22, 2015 04:32

Душанбе, 22.07.2015. (АМИТ «Ховар»). — Имрӯз таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси ғайринавбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Масъалаи асосии маҷлис рафъи ҳолатҳои фавқулода аст, ки тайи рӯзҳои охир дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ рух дод. 
Дар маҷлис иттилоъ дода шуд, ки тибқи ҳисобҳои пешакӣ хисороти моддии офатҳои табиии рӯзҳои охир дар тамоми манотиқи кишвар 600 миллион сомониро ташкил медиҳад. Аз ҷумла, дар ноҳияи Шуғнон 72 хона пурра  ва дар ноҳияи Рашт 50 хона пурра ва 15 хона қисман вайрон шудааст. 
Мутаассифона, дар натиҷаи ин офатҳои табиӣ талафоти ҷонӣ, аз ҷумла 6 нафар дар ноҳияи Ванҷ ва 1 нафар дар ноҳияи Рашт ба қайд гирифта шудааст. 
Тавре зикр гардид, чунин гарм шудани ҳаво ва боло рафтани оби дарёҳо дар Тоҷикистон бори охир соли 1944 ба қайд гирифта, тайи 70 соли охир бори аввал мушоҳида мешавад. 
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба комиссияи давлатӣ ва ситоди бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ супориш дод, ки хонаҳои харобшуда то 6 ноябри соли 2015 пурра барқарор карда шаванд, то ашхосе, ки дар натиҷаи офатҳои табиӣ бехона мондаанд, дар зимистон соҳиби хонаҳои нав гарданд. Ҳамзамон, хонаҳои навсохт бояд бо тамоми ашёи рӯзгор муҷаҳҳаз ва аҳли ин оилаҳо бо сару либос таъмин карда шаванд. Дастур дода шуд, ки тамоми масолеҳи сохтмонӣ ба зарардидагони офатҳои табиӣ аз ҳисоби давлат ройгон таъмин гардонида ва тамоми иншооти зарардида дар муддатҳои кӯтоҳтарин барқарор карда шаванд. 
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дод, ки аз ҳисоби Президенти мамлакат ба оилаҳое, ки хонаҳояшон пурра хароб шудаанд, 10 ҳазор сомонӣ ба ҳар як оила ва ба оилаҳое, ки хонаҳояшон қисман вайроншудаанд, 6 ҳазор сомонӣ ба ҳар як оилакӯмаки яквақта расонида мешавад.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба масъулини дахлдор дастур дод, ки барои ҷалби кумакҳои ташкилотҳо ва шахсони савобҷӯ дар Бонки давлатии амонатгузории ҶТ «Амонатбонк» бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ суратҳисоби махсус кушода шавад. 

 

Июль 22, 2015 04:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд