Омодагӣ ба Бозиҳои байналмилалии «Бачагони Осиё-2016”
Душанбе, 23.07. 2015 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).- Дар шаҳри Ёқутистони Русия роҳбарону намояндагони кумитаҳои миллии олимпӣ масъалаи омодагӣ ба Бозиҳои VI байналмилалии варзишии «Бачагони Осиё-2016”-ро баррасӣ карданд.
Дар доираи ҳамоиш меҳмонон аз деҳаи олимпии Донишгоҳи федеролии шимолу шарқии ба номи М. К. Аммосов (СВФУ) дидан карда, ба вазъи иншооте, ки донишгоҳ барои иқомати ширкаткунандагони Бозиҳои VI байналмилалии варзишии «Бачагони Осиё-2016” пешниҳод кардааст, баҳои баланд доданд.
Бино ба иттилои Кумитаи миллии олимпии кишвар дар мизи мудавар аз Тоҷикистон ба ҳайати вакилони байналмилалӣ котиби генералии Кумита (КМОТ) Баҳрулло Раҷабалиев ва сардори шуъбаи варзиш ва таълимоти олимпии КМОТ Маҳмуд Абдуллоев шомиланд.
Дар назар аст аз Тоҷикистон дар Бозиҳои байналмилалии варзишии «Бачагони Осиё” 20-30 варзишгар сафарбар шавад.
Ёдрас мешавем, ки бозиҳои VI байналмилалии варзишии «Бачагони Осиё” аз 5 то 17 июли соли 2016 дар Ёқутистон баргузор мешаванд. Дар ин бозиҳо ҳазорҳо варзишгарони наврас оид ба 22 навъи варзиш, баскетбол, бокс, волейбол, дзюдо, гӯштини қураш, варзиши сабук, тенниси рӯи миз, пауэрлифтинг, шиноварӣ, тирпарронӣ, самбо, гӯштини озод ва дигар навъҳои варзиш рақобат мекунанд.








Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






