Озмун бо мақсади гулзоркунии маҳалли зист

Июль 10, 2015 04:55

Кӯлоб, 10.07.2015 (АМИТ «Ховар», Фарҳоди Мадамин).-Дар вилояти Хатлон ва шаҳри Кӯлоб таҳти унвони «Гулзоркунии корхонаву маҳалли зист ва шаҳри азизамон» озмун оғоз гардид, ки он ба  24- умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 21- солагии ҲХДТ ва 700- солагии алломаи Шарқ Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бахшида шудааст.
Ҳадафи озмун ҷалби  ватандўстон ва ҷонибдорони ҲХДТ барои  зебоипарастӣ, саҳмгузорӣ дар ободкориву созандагӣ, тозагӣ ва сабзазоркунии маҳаллу корхонаҳои ҷои зист мебошад.
Озмун дар ду давр гузаронида мешавад:  даври аввал аз 20- уми июн то 1- уми  сентябри соли 2015 ва даври дуюм аз 10- уми сентябр то 10- уми декабри соли ҷорӣ.
Ҳайати комиссияи тадорукотӣ таъсис шуда, озмун дар саросари вилояти Хатлон ҷараён дорад. 
Аз тарафи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон барои ҷои якум 2000 сомонӣ, ҷойи дуюм 1500 сомонӣ ва ҷойи сеюм 1000 сомонӣ мукофотпулӣ муқаррар гардидааст. 

Июль 10, 2015 04:55

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад