Пешниҳоди 54 гузориши иттилоотию таҳлилии МТС дар шаш моҳ

Июль 6, 2015 05:12

Душанбе, 06.07.2015 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).-«Дар нимсолаи аввали соли равон кормандони Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти кишвар ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ниҳодҳои давлатӣ  54 гузориши таҳлилӣ ва иттилоотию таҳлилӣ дар ҳаҷми умумии 1200 саҳифа пешниҳод намуданд»,-хабар дод ба рӯзноманигорон директори марказ Худобердӣ Холиқназар имрӯз, 6-уми июл зимни нишасти матбуотӣ.
Бино ба гузориши масъулин,  марказ дар моҳҳои январ — феврали соли равон бо мақсади  арзёбии талабот ба таълим дар низоми таҳсилоти касбӣ -техникӣ дар сатҳи миллӣ бо таваҷҷуҳи асосӣ ба бахшҳои  калидии иқтисоди Тоҷикистон — кишоварзӣ, нақлиёт ва энергетика тадқиқоти ҷамъиятӣ гузаронид. Ба тадқиқот 3000 мутахассиси таҳсилоти касбӣ ва кормандони корхонаю ширкатҳои соҳаҳои мазкур фаро гирифта шуда, таваҷҷуҳ ба механизмҳои таъмини мутобиқати таҳсилот ва бозори меҳнат дода шуд.
Дар моҳи апрели соли ҷорӣ натиҷаҳои тадқиқоти мазкур дар доираи мизи мудаввар муаррифӣ гардиданд. 

 

Июль 6, 2015 05:12

Хабарҳои дигари ин бахш

«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад