Пешниҳоди 54 гузориши иттилоотию таҳлилии МТС дар шаш моҳ
Душанбе, 06.07.2015 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).-«Дар нимсолаи аввали соли равон кормандони Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти кишвар ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ниҳодҳои давлатӣ 54 гузориши таҳлилӣ ва иттилоотию таҳлилӣ дар ҳаҷми умумии 1200 саҳифа пешниҳод намуданд»,-хабар дод ба рӯзноманигорон директори марказ Худобердӣ Холиқназар имрӯз, 6-уми июл зимни нишасти матбуотӣ.
Бино ба гузориши масъулин, марказ дар моҳҳои январ — феврали соли равон бо мақсади арзёбии талабот ба таълим дар низоми таҳсилоти касбӣ -техникӣ дар сатҳи миллӣ бо таваҷҷуҳи асосӣ ба бахшҳои калидии иқтисоди Тоҷикистон — кишоварзӣ, нақлиёт ва энергетика тадқиқоти ҷамъиятӣ гузаронид. Ба тадқиқот 3000 мутахассиси таҳсилоти касбӣ ва кормандони корхонаю ширкатҳои соҳаҳои мазкур фаро гирифта шуда, таваҷҷуҳ ба механизмҳои таъмини мутобиқати таҳсилот ва бозори меҳнат дода шуд.
Дар моҳи апрели соли ҷорӣ натиҷаҳои тадқиқоти мазкур дар доираи мизи мудаввар муаррифӣ гардиданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст






