Роштқалъа: Маҳсулоти кишоварзӣ арзон шуд
Роштқалъа, 29.07.2015. (АМИТ «Ховар», Файз Мирҳасан).-Бо ибтикори Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ Иттифоқи Тоҷикматлубот дар бозори марказии ноҳияи Роштқалъа ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзиро баргузор кард. Дар ярмарка кишоварзони шаҳри Турсунзода дастранҷи худро бо нархи арзон ба фурӯш гузоштанд.
Яке аз сокинони ин ноҳия Бахтибек Қубодбеков гуфт, ки пас аз ҷорӣ шудани сел ва баста шудани роҳ нархи сабзаҷоту мева наздик ба як баробар боло рафт. Аммо баъди ташкили чунин ярмаркаҳо қимати маҳсулоти кишварзӣ бо шумули помидору бодиринг аз 8 сомонӣ ба 2-3 сомонӣ поин омад. Дар ҳоле ки чанд ҳафта пеш як килограмм маҳсулоти мазкурро дар ивази 8 сомонӣ мефурӯхтанд.
То ба эътидол омадани вазъи роҳҳои мошингарди вилоят чунин ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ дар бозорҳои шаҳру навоҳии вилоят идома меёбад.








Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид
Дар ҷамоатҳои деҳоти Ясману Ҳоити ноҳияи Рашт ба ифтихори Рӯзи Конститутсия ҳамоиши идона доир гардид
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Хуҷанд бошукуҳ таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии Арбитраж дар Чин иштирок намуд
«КОНСТИТУТСИЯ–САРОҒОЗИ НИЗОМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд






