Русия: Cитоди ёрӣ ба осебдидагони обхезӣ дар Тоҷикистон
Душанбе, 27.07.15. (АМИТ «Ховар»). — Тавре ки аз хадамоти матбуоти Сафорати Тоҷикистон дар ФР хабар доданд, Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия пешниҳоди созмонҳои ҷамъиятӣ ва соҳибкорони Тоҷикистон дар Русияро бобати таъсис додани ситоди умумирусиягӣ барои расонидани ёрӣ ба осебдидагони обхезиҳо дар Тоҷикистон дастгирӣ намуд.
Дар мулоқоти шаҳри Маскав, ки дар он роҳбарони созмонҳои ҷамъиятии ҷамоаи тоҷикон дар ФР, аъзои Шӯрои ҷамъиятии назди Сафорати ҶТ дар ФР, тоҷирони маъруф ва намояндагони шинохтаи зиёиёни эҷодкор ширкат доштанд, зикр шуд, ки тоҷикистониёни Русия тайёранд, ки сокинони аз обхезиҳо зарардидаро дастгирӣ намоянд ва ба онҳо дасти ёрӣ дароз кунанд.
Сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов ибтикоротро дар мавриди расонидани ёрии башардӯстона ва молиявию маънавӣ ба шаҳрвандони осебдида дастгирӣ кард. «Мо вақтҳои охир ҳис мекунем, ки бояд нисбат ба ҷомеаамон дилсӯзу хайрхоҳ бошем. Имрӯз сокинони бисёр ноҳияҳои ҷумҳурӣ, ки аз офати табиӣ зарар дидаанд, ба ёрию дастгирӣ эҳтиёҷ доранд. Мо бояд ба ҳазорҳо мардуме, ки бар асари офатҳои табиӣ зарар дидаанд, ёрӣ расонем. Тоҷикистон барои рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ, ки ҳафтаи охир кишвари мо дучори онҳо гардид, ба ёрмандӣ зарурат дорад. Мо ташаббуси созмонҳои ҷамъиятиро пурра дастгирӣ менамоем ва омодаем, ки кори ситоди умумирусиягии ёрӣ ба оилаҳои аз обхезӣ зарардидаи Тоҷикистонро танзим намоем. Ҷамоаи тоҷикон яке аз ҷамоаҳои сершумор дар Русия ба шумор рафта, дар байни мо бисёр намояндагони бахши тиҷорату соҳибкорӣ ҳастанд, ки имконияти расонидани ёрӣ ба ниёзмандонро доранд. Имрӯз мо бештар ба ризоият ва муттаҳидию ягонагии халқамон зарурат дорем. Чунин муттаҳидию ягонагӣ бояд дар вазъиятҳои мураккаб ҳам басо равшан зоҳир гардад», — гуфт Имомуддин Сатторов.
Иштирокдорони мулоқот бо пешниҳоди директори генералии корхонаи коркарду бастабандии меваҷоти «Исфара — групп» Фахриддин Қурбонов узви Шӯрои ҷамъиятии назди сафорати ҶТ дар ФР Давлатхон Азизовро роҳбари ситоди умумирусиягии ёрӣ ба осебдидагони обхезиҳо дар Тоҷикистон интихоб карданд.
Роҳбари созмони минтақавии ҷамъиятии «Помир» Алимамад Боймамадов нақшаи кор ҷиҳати ташкили ҷамъоварии маблағ тавассути суратҳисобҳои бонкиро, ки қаблан дар Тоҷикистон барои ин мақсад кушода шуда буданд, ироа намуд. Мавсуф хабар дод, ки ҳоло усулҳои ҷамъоварӣ ва ирсол намудани ёрии башардӯстона дар шакли либос ва асбобҳои дигари рӯзгор баррасӣ мешаванд.
Ёдовар мешавем хоҳишмандоне, ки ба ҳамдиёрони осебдидаашон дар Тоҷикистон ёрии хайрхоҳона расониданианд, метавонанд маблағҳои худро ба суратҳисобҳои зерин гузаронанд:
for money transfer in SOMONI
Получатель: ФОКУС
Счет получателя в сомони: 20202972048150228637
Адрес получателя: Таджикистан ГБАО г.Хорог
ИНН : 700004089
Банк получателя: Филиал ЗАО «Первый Микрофинансовый Банк» в г. Хороге (736000, ул.Азизбек 4 )
КОД(МФО) банка получателя 359004815
Корсчет банка получателя 20402972 118051
_________________________________________________________________________________
for money transfer in USD
Correspondent Bank: HABIB BANK LTD
SWIFT: HABBUS33
Beneficiary bank: FIRST MICROFINANCE BANK
Dushanbe , Tajikistan
ACCOUNT No. 0021-505420-091
SWIFT: FMBTTJ22
For Khorog branch of FMFB client
Beneficiary name: FOCUS (Disaster Response)
Beneficiary account dollar: 20206840048150228639
—————————————————————————————————————————
for money transfer in EURO
Correspondent Bank: KICB
SWIFT: KICBKG22
Beneficiary bank: FIRST MICROFINANCE BANK
Dushanbe , Tajikistan
ACCOUNT No. 1280015200270072
SWIFT: FMBTTJ22
For Khorog branch of FMFB client
Beneficiary name: FOCUS (Disaster Response)
Beneficiary account EURO: 20206978048150228640
_________________________________________________________________________________
for money transfer in RUS
Корреспондентский Банк : ОАО “Сбербанк России”
Адрес: ул.Вавилова 19, Москва Россия
ИНН : 7707083893
БИК: 044525225
Корсчет : 30111810500000001246
Получатель: ФОКУС (Реагирование на ликвидацию
cтихийных бедствий).
Счет получателя в
российских рублях: 20206810448150228638
Адрес получателя: Таджикистан ГБАО г.Хорог
Банк получателя: ЗАО «Первый Микрофинансовый Банк» Душанбе, Таджикистан
SWIFT: FMBTTJ22