Сӯхтор дар қаҳвахонаи «Сихкабоб» ва Маркази хизматрасониҳои техникӣ
Душанбе, 13.07.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- 11 июл соати 11.06 аз Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилӣ ба танзимгари Хадамоти ҷустуҷўию наҷотдиҳии садамавии таъмини (ХҶНСТ) парвозҳои фурудгоҳи Душанбе дар мавриди сӯхтори қаҳвахонаи «Сихкабоб» ва Маркази хизматрасониҳои техникӣ, воқеъ дар кӯчаи Мирзо Мастогулов (наздики амборҳои Бақолӣ ) хабар доданд.
Дар асоси нақшаи ҳамкорӣ байни фурудгоҳи Душанбе ва Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилӣ мошини навбатдор (партрулӣ), ки ба ҷойи ҳодиса наздик буд, барои кумак ба гурўҳи СХДО ВКД фиристода шуд.
Дастаи сӯхторнишонӣ сӯхторро дар муддати кўтоҳ пурра хомўш кард. Тавре ки аз ХҶНСТ-и фурудгоҳ иттилоъ доданд, дар ин сӯхтор касе осеб надидааст. Сабаби сар задани сӯхтор аз тарафи СХДО ВКД маълум карда мешавад.
Ёдовар мешавем, ки 25 майи соли 2015 дар кўчаи «Аэропорт»-и шаҳри Душанбе дар бинои истиқоматии рақами 14 дар ошёнаи дуюм сўхтор сар зад, ки кормандони дастаи сўхторнишонии фурудгоҳи Душанбе дар муддати 10-12 дақиқа маркази сўхторро муайян ва пурра хомўш карданд.
Омодагии ҳамешагии сўхторнишонон ва ҳамкорӣ бо ниҳодҳои дигари сўхторнишонии пойтахт натиҷаҳои дилхоҳ медиҳад.








ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






