Сӯхтор дар корхонаи ҶДММ “Куҳандиз”
Душанбе, 07.07.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- 6 июл дар корхонаи ҶДММ “Куҳандиз»-и шаҳри Душанбе, ки ба сокини 27-солаи ноҳияи Рӯдакӣ тааллуқ дорад, сӯхтор ба амал омада, он масоҳати 120 метри мураббаъро фаро гирифт.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ, сабаби сар задани сӯхтор ва зарари расонидашуда муайян карда мешавад.
Инчунин дар ин рӯз дар ҳавлии истиқоматии сокини 63-солаи шаҳри Истаравшан дар масоҳати 18 метри мураббаъ сӯхтор ба амал омадааст. Зарари расонидашуда 8300 сомониро ташкил дод. Сабаби сар задани сӯхтор истифодаи нодурусти таҷҳизоти барқӣ мебошад.
Дар хонаи истиқоматии марди 25-солаи сокини ноҳияи Ёвон дар масоҳати 25-метри мураббаъ сӯхтор ба амал омадааст, ки зарари расонидашуда 2000-сомониро ташкил медиҳад.








«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






