Сабук кардани ҳукми қотилони Фархунда ҷомеаи Афғонистонро ба изтироб овард

Июль 3, 2015 04:49

Душанбе, 03.07.15. (АМИТ «Ховар»). — Волидайни сокини шаҳри  Кобул Фархунда, ки  қариб  2  моҳ  пештар ноодилона ба  оташ  задани Қуръон айбдор ва  ба таври  ваҳшиёна кушта шуда буд, аз  хабари  сабук  намудани ҳукми  айбдорони ҳалокати  духтарашон  ба  хашму  ғазаб омаданд.
Ёдовар  мешавем, ки  дар  куштори  бераҳмонаи  ин зани  27 — сола даҳҳо нафар  одамон  иштирок намуда,  баъдан қариб  50  нафар,  аз ҷумла  кормандони  пулис  ба ҷурми ҷинояткорӣ  ба  ҷавобгарӣ  кашида шуданд. 
Нисбат ба 4 нафаре, ки  айбдорони  асосии  ҳалокати  Фархунда дониста шуда буданд, ҳукми  қатл  бароварда шуд. Баъдан  суди  ҷиноятсанҷӣ  ин  қарорро таҷдиди  назар  карда, ҳукми  қатл  нисбат ба ҳар  кадоме  аз   чор нафар  бо 20  соли ҳукми  маҳкама иваз  карда шуд. 
Ҳамчунин ҳукм дар  ҳаққи  боз  8  нафар айбдоршавандагон,  аз ҷумла  дар  ҳаққи  нигаҳбони  масҷид, ки  ҳамла  ба  духтари  ҳалокшударо барангехта буд,  лағв  карда шуд. Онҳое, ки ба  муддати  16  сол аз  озодӣ маҳрум  шуда буданд, сафед  карда шуданд. Ин тавр ранг  гирифтани баррасии  парванда падару  модарро, ки духтарашонро дар  вазъияти  фоҷиавӣ талаф  доданд, ба хашму  ғазаб овард. «Мо ин ҳукми ноодилонаи судро қабул  надорем», — гуфт  падари духтари  ҳалокшуда  Муҳаммад Нодир Маликзода.
Тавре  ки  шабакаи  телевизиони «Тулӯъ» хабар  медиҳад, волидайни  Фархунда президенти  Афғонистон  Муҳаммад  Ашраф Ғанӣ ва роҳбари ҳокимияти  иҷроия Абдулло  Абдуллоро  даъват  намуданд, ки  барои  баровардани ҳукми одилона дар  ҳаққи иштирокдорони қатли  бераҳмона  чора  бинанд. 
Қарори ғайричашмдошти  суди шикоятсанҷӣ боиси ташвиши ҳомиҳои  ҳифзи  ҳуқуқ ва  фаъолони  ҷомеаи   шаҳрвандӣ ва интиқоди шадиди ҳукуматӣ расмӣ   гардид. 

 

Июль 3, 2015 04:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Миср бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб Рӯзи Парчами давлатиро ҷашн гирифтанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе чангу ғубор ба амал меояд
ШУКУҲИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ҳамоиши идона доир шуд
Парчами давлатӣ симои Тоҷикистонро чун давлати соҳибистиқлолу соҳибтамаддун дар ҷаҳон муаррифӣ менамояд
Дар Агентии авиатсияи гражданӣ ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон ҷамъомад доир гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Рӯдакӣ нақшаи ҷамъоварии пахта 101 фоиз иҷро гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
«ПАРЧАМИ ТОҶИКИСТОН-РАМЗИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ». Дар Институти астрофизика дар ин мавзуъ ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Бастаҳои интернетии «Одӣ»: осон, мувофиқ, муфид