Самараи рушди равобити тиҷоратии Тоҷикистон ва ҶМЧ

Июль 28, 2015 04:41

Душанбе, 28.07.15. (АМИТ «Ховар»). — Раиси  Палатаи  савдо  ва саноати Тоҷикистон  Шариф  Саид  ва  ҳайати иқтисодии  музофоти  Шэнсии  ҶМЧ  бо  роҳбарии  муовини  дабири  кулли Ҳукумати мардумии  музофоти  Шэнси  Баочун  Ху  зарурати рушди бахшҳои иқтисодиёт,  тиҷорат ва  сармоягузории  равобити Тоҷикистону  Чин,  дурнамои ҳамкории дуҷонибаи умури бонкию  молиявӣ  ва татбиқи  лоиҳаҳои  муштараки  сармоягузориро   мавриди  муҳокима  қарор  доданд. 
Ба  фикри  Шариф  Саид густариши  равобити  тиҷоратӣ,  аз ҷумла  рушди  соҳибкории  хурду  миёнаи  Тоҷикистон  ва  ҶМЧ  сохтори  тиҷоратиро  такмил  бахшида,  барои расидан ба  мақсадҳои  бамиёнгузоштаи  роҳбарони  Тоҷикистону  ҶМЧ,  яъне  ба  3 миллиард  доллар  расонидани  муомилоти тиҷорати  хориҷӣ  мусоидат  мекунад. 
Раиси  ПСС  ҶТ аҳли  тиҷорати  музофоти  Шэнсиро  даъват  намуд, ки лоиҳаҳои  рушди сохтмон  бо  истифода аз  технологияҳои  муосири  Чин ва  бунёди  корхонаҳои  муштаракро  фаъолона   сармоягузорӣ  намоянд. 

Июль 28, 2015 04:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд