Сармеъмори Ҳисор: «Кор дар иншооти ҷашнӣ бо суръат идома дорад»

Июль 3, 2015 05:18

         Душанбе, 03.07.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-«Новобаста ба гармии ҳаво корҳои сохтмонӣ дар  иншооти таъйиноташон гуногуни ҷашнӣ ба ифтихори 3000 -солагии Ҳисор бо суръат идома доранд», мегӯяд сармеъмори Ҳисор Ҳалима Солиева.
        Барқарор намудани ёдгории  таърихию фарҳангии Қалъаи Ҳисор, сохтмони Қасри фарҳанг дар шаҳраки Ҳисор барои  700 ҷои нишаст, Осорхонаи  таърихию кишваршиносии Ҳисор, китобхона,  сохтмони майдони варзишӣ барои 20 ҳазор ҷойи нишаст, чойхона, Гимназияи президентӣ барои 640  хонанда, беморхонаи марказии дорои  702 кат аз номгӯи иншооти ҷашниест, ки бо дастуру супоришҳои бевоситаи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон пеш гирифта шудаанд  ва бархе аз онҳо дар марҳилаи анҷомёбианд. Бино ба иттилои сармеъмори Ҳисор сохтмони ин иншоот аз ҷониби Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии назди Дастгоҳи иҷроияи Президенти кишвар   ҷараён дорад.                       
          Бояд тазаккур дод, ки дар доираи омодагӣ  ба  ҷашни 3000 -солагии Ҳисори шодмон дар ин ноҳия бунёд,  таъмиру  таҷдид ва  навсозии беш аз 400  иншооти  хурду  бузурги таъйиноташон мухталиф ба нақша гирифта шудааст, ки сохтмони 198 иншоот ба соҳибкорон рост меояд. Алҳол бунёди 44 иншоот аз ҷониби соҳибкорон идома дошта, 29 адади он ба анҷом расидааст. Инчунин 60 иншоот дар баррасии вазорату идораҳои марбута қарор дошта, 40 иншоот бо сабабҳои  гуногун аз ҷониби соҳибкорон амалӣ нашуданд. 
       Мавриди зикр аст, ки сохтмон ва таъмиру таҷдиди иншооти ҷашнӣ  дар доираи нақшаи генералии ноҳияи Ҳисор, ки аз ҷониби Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Шаҳрофар» таҳия ва тасҳеҳ гардида буд, ҷараён мегирад. Бунёд ва таҷдиди иншооти ҷашнӣ ба рушди минбаъдаи бахшҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии  Ҳисор, ки  дорои таърихи 3000 -сола аст,  мусоидат менамояд.      

 

Июль 3, 2015 05:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад