СБМ Зумрат Шербоеваро ба ватан баргардонд
Душанбе, 08.07.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Сокини ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Зумрат Шербоева, ки дар шаҳри Маскав дар муҳоҷирати меҳнатӣ буд, аз сабаби беморӣ мехост ба ватан баргардад, вале барои роҳкиро маблағ надошт. Вай барои кумак ба намояндагии Созмони байналмиллалии муҳоҷират (СБМ) муроҷиат намуда, бо мусоидати ин созмон субҳи 7 июл ба зодгоҳ баргашт.
Номбурдаро дар «Фурудгоҳи байналмиллалии Хуҷанд» кормандони шуъбаи Хадамоти муҳоҷират пешвоз гирифтанд.
Инчунин дар ин рӯз ҶДММ “Суғдиён-Помир Тур” 5 сокини вилояти Суғдро ба Федератсияи Русия сафарбар намуд.
Бино ба гуфти сардори гурӯҳ Шаҳрӣ Аҳмедова муҳлати сафари муҳоҷирон 11 моҳро ташкил медиҳад.
Муҳоҷирони меҳнатӣ ба шаҳри Самара сафар намуда, дар он ҷо ба корҳои сохтмонӣ машғул хоҳанд шуд. Субъекти хоҷагидор ва ширкати кордиҳанда ба муҳоҷирон сафари бехатар, шароит ва маоши хубро кафолат додааст.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» сухангӯи Хадамоти маҳоҷират Абдуллоҳи Қодирӣ иттилоъ дод.








«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






