Шумораи шаҳрвандони дар хориҷи кишвар дастгиршуда 30 фоиз кам шудааст
Душанбе, 29.07.2015. (АМИТ «Ховар»).-Дар давоми шаш моҳи соли ҷорӣ мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ аз муомилоти ғайриқонунӣ 2 т. 909 кг. 762 гр. маводи нашъаоварро мусодира намуданд, ки аз ин 363 кг. 8 гр. героин, 787 кг. 167 гр. афюн, 1 704 кг. 477 гр. ҳашиш ва 555 кг. 81 гр. бангдона мебошад, -гуфт зимни нишасти матбуотӣ директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ Рустам Назарзода имрӯз, 29 июл.
Агарчанде вазни умумии маводи нашъаовари мусодирашуда дар муқоиса бо нимсолаи аввали соли 2014 11,4% коҳиш ёфтааст, мутаассифона, мусодираи афюн ба 8 фоиз ва героин 48,9 фоиз (дар нисбат ба 6 моҳи аввали соли 2014) зиёд шудааст.
Мувофиқи маълумоти ба АМИТ «Ховар» пешниҳодшуда дар давраи ҳисоботӣ дар ҳудуди ҷумҳурӣ 567 ҷиноят вобаста ба маводи нашъаовар ба қайд гирифта шудааст, ки ин дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2014 9,7% кам мебошад. Ҳамчунин дар ин давра 202 шаҳрванди Тоҷикистон дар хориҷи кишвар дастгир шуданд, ки ин нишондод назар ба ҳамин давраи соли гузашта тақрибан 30% коҳиш ёфтааст.








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид






