Сиёсати қарзии «Амонатбонк» ба рушди иқтисодиёти кишвар нигаронида шудааст
Душанбе, 15.07.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Дар доираи татбиқи барномаи «Қабули пардохт» дар марказҳои хизматрасонии филиалҳои «Амонатбонк» 129 нуқтаи қабули пардохтҳо насб гардида, фаъолият доранд, мегӯяд Рӯҳуллоҳ Ҳакимзода-раиси Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон «Амонатбонк». Мавсуф афзуд, ки ин тадбир бо мақсади таъмини шаффофияти амалиёти буҷети давлатӣ дар ҳамкорӣ бо Кумитаи андози назди Ҳукумати мамлакат андешида шудааст.
Бо дахли сиёсати қарзии бонки давлатии кишвар, Р. Ҳакимзода гуфт, ки сиёсати қарзии «Амонатбонк» дар ин давра ба рушди соҳаҳои муҳиму афзалиятноки иқтисодиёти кишвар, бахусус муҳайё намудани ҷойҳои нави корӣ ва дар ин замина баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум нигаронида шудааст.
Гуфтан ба маврид аст, ки вобаста ба 6 банди фоизи паст намудани фоизи қарзӣ ва зиёд намудани муҳлати пардохти он аз ду то ба се сол, ҳаҷми пешниҳоди қарзҳо дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 2, 5 маротиба зиёд гардида, дар ҳаҷми 769, 5 миллион сомонӣ ба муштариён пешниҳод гардидааст. Қарзҳои ҷудошуда асосан ба соҳаҳои кишоварзӣ 22%, саноат 20,9, сохтмон 25,5 %, истеъмолӣ 9,3 %, тиҷорат 21,1 % ва 1,2 % ба дигар соҳаҳо рост меояд. Хусусан ҷиҳати таъмини барномаи озуқаворӣ дар кишвар дар соҳаи картошкапарварӣ қарзҳои имтиёзнок дар ҳаҷми 11 миллион сомонӣ дастрас шуд, ки дар қиёс нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7, 1 миллион сомонӣ ё ин ки 2,9 маротиба зиёд аст.








Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид






