СММ дар Яман вазъияти фавқулоддаи дараҷаи сеюмро эълон кард

Июль 3, 2015 06:29

Душанбе, 03.07.15. (АМИТ «Ховар»). – СММ  бо  назардошти мураккабию  миқёси бӯҳрони  гуманитарӣ дар  Яман ҳолати  мавҷударо вазъияти  фавқулоддаи дараҷаи  сеюм эълом  дошт, ки  ин  сатҳи  баландтарини   бӯҳрони гуманитарӣ  аз  рӯи ҷадвали  СММ маҳсуб  меёбад. Қаблан ин  дараҷаро ба вазъиятҳои  Ироқ,  Сурия ва Судони  Ҷанубӣ  нисбат  дода буданд. 
Хабарнигор  Стефани Кудрикс  чунин  мегӯяд : «Тайи  се  соли охир  дар  Яман се ҳазор нафар ҳалок  гардиданд, ки  нисфи онҳоро  сокинони  маҳаллӣ ташкил  медиҳанд.  Ғайр  аз  ин  14  ҳазор нафар   захм  бардоштанд. Беш  аз  1  миллион  нафар сокинон маҷбур  буданд, ки  тарки хонаҳои  худ  кунанд, 21  миллион  нафар  ба ёрии  фавқулодда  эҳтиёҷ  доранд». 
Дабири  кулли  СММ  ҷонибҳои ихтилофотро  даъват  намуд, ки  ба  зӯроварӣ  фавран хотима  бахшанд,  то созмонҳои байналмилалӣ  ба  сокинони  Яман  дасти  ёрӣ  дароз  кунанд. Номбурда   вазъияти  ҳозираи  кишварро «фалокати  гуманитарӣ» қаламдод  кард.

 

Июль 3, 2015 06:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд
Дар Коллеҷи омӯзгорӣ ва рақамикунонии шаҳри Бохтар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
33-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳро дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таҷлил намуданд
Худшиносии миллӣ-меҳвари суботи стратегии давлат. Андешаҳо дар ин маврид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 феврал, ҷумъа, 51-умин рӯзи соли 2026 аст