Суғд: истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 2,1 миллиард сомонӣ расид
Хуҷанд, 30.07.2015. (АМИТ «Ховар»).—Дар нимсолаи якуми соли 2015 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 2,1 миллиард сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли пешин 451,9 миллион сомонӣ зиёд аст,- гуфт сардори Раёсати минтақавии рушди иқтисод ва савдои вилояти Суғд Шарифулло Абдуллоев зимни нишасти хабарӣ. Шарифулло Абдуллоев афзуд, ки дар ин давра дар миқёси вилоят 16,9 миллион дона хишти сохтмонӣ, 476,4 ҳазор метри мураббаъ қолин ва маснуоти қолинӣ, 276,6 ҳазор тонна ангиштсанг, 123,5 ҳазор метр қубурҳои полиэтиленӣ, 32,1 ҳазор тонна орд, 33,4 ҳазор тонна семент ва дигар маҳсулот истеҳсол шудааст.
Ба иттилои сардори Раёсати минтақавии рушди иқтисод ва савдои вилоят аз 592 корхонаи саноатӣ 364 корхона ё худ 61,5 фоиз вусъати афзоишро нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта таъмин намуд. 128 корхона ё худ 21,6 фоиз нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро кам намуданд ва 100 корхона ё худ 16,9 фоиз фаъолият накард.
Дар ин бора аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






