Суғд: истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 2,1 миллиард сомонӣ расид

Июль 30, 2015 11:17

Хуҷанд, 30.07.2015. (АМИТ «Ховар»).—Дар нимсолаи якуми соли 2015 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 2,1 миллиард сомонӣ расонида шуд, ки  нисбат ба ҳамин давраи соли пешин 451,9 миллион сомонӣ зиёд аст,- гуфт сардори Раёсати минтақавии рушди иқтисод ва савдои вилояти Суғд Шарифулло Абдуллоев зимни нишасти хабарӣ. Шарифулло Абдуллоев афзуд, ки дар ин давра дар миқёси вилоят 16,9 миллион дона хишти сохтмонӣ, 476,4 ҳазор метри мураббаъ қолин ва маснуоти қолинӣ, 276,6 ҳазор тонна ангиштсанг, 123,5 ҳазор метр қубурҳои полиэтиленӣ, 32,1 ҳазор тонна орд, 33,4 ҳазор тонна семент ва дигар маҳсулот истеҳсол шудааст.
Ба иттилои сардори Раёсати минтақавии рушди иқтисод ва савдои вилоят аз 592 корхонаи саноатӣ 364 корхона ё худ 61,5 фоиз вусъати афзоишро нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта таъмин намуд. 128 корхона ё худ 21,6 фоиз нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро кам намуданд ва 100 корхона ё худ 16,9 фоиз фаъолият накард.
Дар ин бора аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд.

Июль 30, 2015 11:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид