Суғд: оғози имтиҳонсупорӣ дар ММТ

Июль 2, 2015 04:01

Хуҷанд, 02.07.2015. (АМИТ «Ховар»,Абдуаҳад Шарифзода).-Шурӯъ аз дирӯз чун дар дигар манотиқи кишвар, дар 11 маркази имтиҳонгирии Маркази миллии тестӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд низ даври аввали имтиҳонсупорӣ барои довталабони гурӯҳи кластерҳои 1 ум, имтиҳони қисми А оғоз шуд.
Тавре ки масъулин аз Раёсати маорифи вилояти Суғд иттилоъ доданд, соли ҷорӣ  мактабҳои таҳсилоти умумии вилоятро 33015 нафар хонанда, аз ҷумла 16467 духтар хатм намуд, ки аз ин шумора ба нуқтаҳои қабули Маркази миллии тестӣ наздик ба 18 000 нафар барои дохилшавӣ  ҳуҷҷат супорид.
Ба гуфти манбаъ, имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ вобаста ба навъи ихтисосҳо- имтиҳони қисми А (имтиҳони умумӣ), имтиҳони қисми Б (имтиҳони ихтисос) ва имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳоратро дар бар мегиранд. Имтиҳони қисми А ва имтиҳони қисми Б-ро Маркази миллии тестӣ ва имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳоратро муассисаҳои таълимии дахлдор баргузор менамоянд.
-Аз шумораи умумии марказҳои амалкунанда 6 нуқтаи қабули имтиҳонгирӣ дар маркази вилоят шаҳри Хуҷанд: дар гимназияи № 4, 24, МТМУ №5,16, 19, 23, 2 нуқта дар ш.Истаравшан — гимназияи № 5 ва МТМУ № 1 ва як нуқтагӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар гимназияи №1, ш.Конибодом дар гимназияи №1 ва ш.Панҷакент дар МТМУ-и 1 амал мекунанд, — афзуд манбаъ.  
  

Июль 2, 2015 04:01

Хабарҳои дигари ин бахш

НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид