Суди олии иқтисодӣ: пардохти зиёда аз 2 млн. сомонӣ ба буҷаи давлат

Июль 15, 2015 06:37

Душанбе, 15.07.2015. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).-«Дар нимсолаи аввали соли 2015 аз ҷониби Суди олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон 311 парванда ва аризаву шикоят баррасӣ гардид», — зикр намуд Наим Мансурзода, раиси Суди олии иқтисодии кишвар имрӯз зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе.
 Н. Мансурзода ҳамчунин изҳор дошт, ки дар давраи ҳисоботӣ маблағи даъвоҳо ба миқдори 13 млн. 688 ҳазору  303 сомонӣ рӯёнида шуда, аз рӯи аризаҳои даъвогӣ шикоятҳои кассатсионӣ ва назоратӣ боҷи давлатӣ ба фоидаи буҷаи давлат ба маблағи 2 млн. 66 ҳазору  728 сомонӣ пардохт гардидааст.  
Дар ҷараёни нишасти матбуотӣ Наим Мансурзода дар посух ба саволи хабарнигорон оид ба он ки чанд парванда бо иштироки соҳибкорони хориҷӣ ба қайд гирифта шудааст, гуфт, ки аз ин гуна парвандаҳо дар ин давра танҳо дар суди иқтисодии шаҳри Душанбе 6 адад сабт шудааст. 
Сипас, ба саволи хабарнигори АМИТ «Ховар» дар бораи ягон нафар корманди судҳои иқтисодии кишвар бо ҷурми содир намудани ҷиноят ва ё қонуншиканӣ ба даст афтодааст, иттилоъ дода шуд, ки  дар ин нимсола ин гуна ҳолат ба қайд гирифта нашудааст. 

Июль 15, 2015 06:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд