Таъмини фаъолияти мунтазами Низоми пардохти миллии КОРТИ МИЛЛӢ

Июль 22, 2015 04:06

Душанбе, 22.07.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-  Дар  шашмоҳаи аввали соли равон  фаъолияти мунтазами Низоми пардохти миллии КОРТИ МИЛЛӢ таъмин гардид, ки дар интиҳои давра шумораи умумии иштирокдорони низоми мазкур ба 16 адад  расид.  Дар ин бора дирӯз зимни нишасти матбуотии Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд. Аз ҷониби ташкилоти қарзии иштирокдорони Низоми пардохти миллии КОРТИ МИЛЛӢ  759 ҳазору 243 корти миллӣ бароварда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 72,4 фоиз зиёд мебошад.
То 1 июли соли 2015 аз ҷониби ташкилоти қарзӣ барои хизматрасонии дорандагони кортҳои пардохтии бонкӣ дар маҷмӯъ 732 банкомат ва 1 882 терминали электронӣ (аз ҷумла, дар нуқтаҳои пешниҳоди пули нақд 1 356 адад ва дар муассисаҳои савдою хизматрасонӣ 526 адад)-ро мавриди истифода қарор доданд, ки нисбат ба ҳамин санаи соли гузашта шумораи банкоматҳо 76 адад  ва терминалҳои электронӣ  566 адад зиёд мебошанд.

 

Июль 22, 2015 04:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд