Таъсири гармии ҳаво ва маслиҳати мутахассисон дар ин ҳолат

Июль 9, 2015 05:34

Душанбе, 9.07.2015.(АМИТ «Ховар»,  Манижа Баҳромзода).- Аз 1-ум то 7-уми июли соли равон дар саросари ҷумҳурӣ 21 шаҳрванди Тоҷикистон аз ҳисоби ғарқшавӣ фавтидааст, иттилоъ медиҳад Кумитаи ҳолатҳои фавқулода  ва мудофиаи граждании кишвар. Ин дар ҳолест, ки дар даҳаи аввали моҳи июл дар саросари мамлакат  ҳарорати баланди гармӣ  ҳукмфармо буда, сокинон рӯзҳои нисбатан вазнинро  пушти сар карда истодаанд. Аз ҷониби дигар ба рӯзҳои гармии шадид рост омадани  моҳи шарифи Рамазон сокинонро водор месозад, то нисбат ба худ ва  фарзандон дар ин рӯзҳои тоқатфарсо  беэътиноӣ зоҳир накунанд. Бо мақсади фаҳмидани таъсири гармои шадиди ҳаво  ба ҷомеа ва тавсияи мутахассисон дар ин самт назари  чанд коршиносро пурсон шудем.
          Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки дар фасли гармо ба оббозӣ рафтани сокинон бештар ба назар мерасад, ки ин  ҳолат боиси ғарқ шудани сокинони зиёд дар обу  дарёҳои мамлакат гаштааст. Ориф Нозимов -сардори Маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба ин масъала гуфт, агар дар 6 моҳи аввали соли 2014  ҳангоми оббозӣ дар кӯлу дарёҳо 31 шаҳрванди Тоҷикистон фавтида бошад,   ин шумора то 20 июни соли равон ба 54 нафар расид, ки сабаби он ҳавои гарми кишвар мебошад. «Дар 6 моҳи аввали соли равон аз шумораи умумии 54 нафари ғарқшуда  22 нафараш  аз 17 сола поён ва 29 нафари дигар аз 17 сола боло мебошад ва боиси ташвиш аст, ки бештари онҳо ҷавон буда, ҳамзамон қисмати зиёди онҳо аз ҷинси мард мебошанд»,-мегӯяд Ориф Нозимов. 
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати кишвар ҷиҳати пешгирӣ ва бартараф намудани ғарқшавӣ  дар мавсими оббозӣ, бахусус дар даҳаи аввали моҳи  июл, ки ба гармии шадид рост омадааст,  тадбирҳои муассир андешид. Ориф Нозимов-котиби матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  иброз медорад, ки ҳангоми оббозӣ дар кӯлу дарёҳо шаҳрвандон бояд қоидаҳои бехатариро риоя намоянд: «Бахусус аз волидону наздикони кӯдакону наврасон хоҳиш ва тақозо дорем, ки дар ин мавсим, ки одатан мавсими таътили тобистонаи кӯдакон мебошад, онҳоро  бе назорат нагузоранд, то ин ки  ба ҳодисаҳои ғарқшавӣ дучор нагарданд ва аз масъулини истироҳатгоҳҳо ва фароғатгоҳҳо  низ тақозо дорем, ки  мавзеъҳои оббозӣ, кӯлҳо ва ҳавзҳоро мувофиқ ба талаботи зарурӣ муҳайё кунанд»,-таъкид намуд номбурда.
         Мутахассисони соҳаи тиб низ иброз медоранд, ки  дар гармои шадид қабл аз ҳама кӯдаконро бояд бе назорат нагузошт, зеро тани онҳо ба гармо тобовар набуда, метавонанд ба бемории зиёд гирифтор шаванд. Обидҷон Аминов, муовини директори Маркази ҷумҳуриявии илмӣ-клиникӣ-педиатрӣ ва ҷароҳии кӯдакона оид ба корҳои табобатӣ дар робита ба ин иброз дошт, ки яке аз оқибатҳои ногувори гармои шадид барои кӯдакон офтобзанӣ мебошад: «Бо мақсади пешгирии офтобзании кӯдакон мо ба аҳолӣ  тавсия медиҳем, ки кӯдакони худро  дар ин рӯзҳои гарм танҳо то соати 8-9- и пагоҳӣ метавонанд дар ҳавои кушод сайру гашт  диҳанд ва он ҳам дар зери сояи дарахтон бояд анҷом дода шавад ва бегоҳирӯзӣ баъди соатҳои 6-7-и бегоҳ. Дар боқимонда вақтҳо, яъне баъди соати 9-и пагоҳӣ то соати 6-и бегоҳӣ ба гармӣ баровардани кӯдакон зарурат надорад».
         Баланд шудани ҳарорати ҳаво дар кишвар ба саломатии одамон,  бахусус калонсолон низ таъсири зиёд дорад. Ба гуфтаи Сайфулло Авезов, муовини директори Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерологии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии кишвар гармии шадид сабаби  баромадани  об ва намаки зиёд аз бадан гашта, он ба воситаи арақ ба берун хориҷ мешавад. Чунин ҳолат сабаби кам шудани миқдори моеъ ва намакҳо дар организм мешавад, ки ин ба сар задани баъзе бемориҳо оварда мерасонад. «Мо агар хоҳем, ки худро аз ин гармӣ ва аз касалиҳое, ки дар натиҷаи гармо пайдо мешаванд, эҳтиёт кунем, бояд ки дар як рӯз миқдори зиёди моеъ нӯшем. Яъне агар мо дар баҳор, тирамоҳ ва зимистон 1,5-2 литр об нӯшем, бояд дар ин вақти гармӣ на камтар аз 3,5- 4 литр моеъ ҳар рӯз истифода кунем»,-мегӯяд Сайфулло Авезов, номзади илмҳои тиб.
       Тағйирёбии иқлим ва ҳамзамон гармшавии  шадиди он ба ҳолати равонии шахс низ таъсири худро мегузорад, -иброз дошт Маҳмадулло Давлатов, устоди кафедраи психологияи ДМТ. Номбурда гуфт  шаҳрвандони  Тоҷикистон ба якбора тағйир ёфтани иқлими Тоҷикистон ҳанӯз мутобиқ набуда, чунин   ҳолат метавонад  ба фаъолияти равонии онҳо таъсиргузор бошад, бахусус ронандагон бояд дар ин рӯзҳо боэҳтиёт бошанд, мегӯяд равоншинос: «Агар дар мавриди ронандаҳо гӯем,  ронандаҳо дар ин рӯзҳои гарм аз таъсири гармо мутаассир мешаванд ва  аз ҳамин нуқтаи назар фаъолияти онҳо  то андозае паст шуда меистад, мутамарказии диққати онҳо  чандон баланд нест ва наметавонанд, ки дар ҷараёни идораи нақлиёт диққаташонро ба объекти асосӣ баробар равона созанд. Чунин ҳолат  метавонад яке аз омилҳои рух додани садамаи нақлиётӣ гардад»-афзуд номбурда. 
Равоншиноси кишвар Маҳмадулло Давлатов ҳамчунин таъкид мекунад, ки дар рӯзҳои гармои шадид, ки ба моҳи шарифи Рамазон  рост омадаанд, фаъолият дар корхонаву идораҳо бояд аз  меъёр камтар бошад, зеро  дар чунин вазъи ҳаво бадани инсон аз ҷиҳати равониву ҷисмонӣ каммаҳсул ва хаста шуда, инсон наметавонад  фаъолияти  босамар анҷом диҳад: «Ягона тавсияи психологӣ ҳамин мемонад, ки ҳар як фард ба ҳолати равонӣ ва ҳолати ҷисмаш нигоҳ карда, реҷаи кориашро бевосита ба роҳ монад, то ки фаъолии бадан гум шуда, он пассив нашавад. Нашояд, ки одам ҷабран худро бевосита дар ҳолати додашуда ба ин ё он кор машғул кунад, ин таъсири худашро мегузорад ва самараи ками фаъолият ба амал меояд»,-иброз дошт равоншинос.
          Таҳлилҳо нишон доданд, ки якбора гарм шудани вазъи ҳаво дар кишвар пеш аз ҳама ба ғарқшавии зиёди шаҳрвандон, бахусус насли наврас ҳангоми оббозӣ боис гашта, ҳамчунин таъсири худро ба ҳолати равонии одамон низ гузоштааст. Аз ин рӯ мувофиқи тавсияи  мутахассисон сокинони пойтахтро мебояд дар чунин рӯзҳои гарм аз беҳудагардӣ дар кӯчаҳо  худдорӣ намуда, ғизоҳоеро истеъмол намоянд, ки калорияи зарурӣ дошта бошанд.
   

 

Июль 9, 2015 05:34

Хабарҳои дигари ин бахш

РУШДИ САЙЁҲӢ. Таърих, фарҳанг, табиат ва меҳмоннавозии мардум вилояти Суғд сайёҳонро бештар ба худ ҷалб намудааст
Дар истироҳатгоҳи омӯзишии «Истиқлол» таътили тобистонаи хонандагон хотирмон мегузарад
Дар ноҳияи Деваштич ҳамоиши гирандагони Стипендияи президентӣ баргузор гардид
Дар Тоҷикистон дар беш аз 27 ҳазор гектар ҷуворимакка барои дон кишт гардидааст
Имрӯз ҳаво дар водиҳои Тоҷикистон то 40 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Фестивали хӯрокҳои милллии Покистон баргузор мегардад
Имрӯз ҳаво дар шаҳри Душанбе то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе ба муносибати Истиқлолияти Амрико чорабинӣ баргузор шуд
Заминҳои назди бинои муассисаву идораҳои шаҳри Норак самаранок истифода мешаванд
Дар «Чиларча»-и Ҷамоати деҳоти Саразм 300 нафар хонандагон ба истироҳат фаро гирифта мешаванд
Истироҳат дар Суғд – бо алоқаи боэътимод
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад