Таъсиси маркази тестӣ дар ДДОТ
Душанбе, 9.07.2015. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Дар маърифатгоҳи мо маркази бузурги тестӣ таъсис ёфт, ки имкон медиҳад дар як вақт ҳудуди 300 нафар аз тариқи мониторӣ санҷишу имтиҳон супоранд. Ин толор бо камераҳои назоратӣ ва дигар дастгоҳҳои муосир муҷаҳҳаз аст ва бо итминон метавон гуфт, ки раванди баргузории имтиҳонот боз ҳам шаффоф гардид. Ин матлабро дирӯз ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон (ДДОТ) ба номи Садриддин Айнӣ Носирҷон Салимӣ дар нишасти матбуотӣ перомуни фаъолияти таълимгоҳ дар нимсолаи аввал ироа намуд.
Дар нишаст ректор дар посух ба суоли рӯзноманигорон дар хусуси саҳми омӯзгорони донишгоҳ дар самти ҷилавгирӣ аз пайвастшавии ҷавонон ба гурӯҳу ҳаракатҳои ифротгаро, хосса, созмони террористии ба ном «Давлати исломӣ» таъкид дошт, ки раёсати таълимгоҳ дар ин ҷода корҳои тарбиявиро пурзӯр кардааст. Ташкили чорабинию мулоқоти судманд бо намояндагони маъруфи мақомоти динии мамлакат, таълиф ва интишори мақолоти ҳушдордиҳанда дар матбуоти даврӣ ва барпонамоии ҳамоишҳои ташреҳотӣ аз қабили корҳоеанд, ки дар ин самт амалӣ гардидаанд. Ҳамчунин барои он ки муҳассилин бештар ба омӯзиш машғул бошанду дар сарашон андешаҳои ифротгароёна падид наоянд, дар ҷадвали дарсӣ корҳои мустақилонаи донишҷӯён алоҳида дар ҷадвали дарсӣ гузошта шуд. Ба ин минвол вақти бештари толибилмон дар донишгоҳ сипарӣ мешавад.








«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






