Тоҷикистон бо кумаки Русия боз 6 шаҳрвандашро аз Яман берун овард

Июль 16, 2015 09:25

Душанбе, 16.07.2015 (АМИТ «Ховар»).-Санаи 16.07.2015 сол соати 1:45 бо ҳавопаймои махсуси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Федератсияи Русия шаш шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки сокинони шахри Душанбе, Қалъаи Хумб ва Панҷи кишваранд, аз шаҳри Санъои Ҷумҳурии Яман  ба шаҳри Маскав оварда шуданд.
Тавре намояндаи расмии Сафорати Тоҷикистон дар Русия Муҳаммад Эгамзод хабар дод, шаҳрвандонро кормандони масъули Хадамоти консулии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия ва Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ пешвоз гирифта, онҳоро дар ситоди муваққатӣ, ки аз ҷониби Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи кишвари иқомат ташкил  шуда буд, ҷойгир намуданд. Худи ҳамин рӯз бо хатсайри Маскав-Душанбе як нафар- Хайруллоев Ҳ. гуселонида шуда, боқимонда бо хатсайри Маскав-Душанбе соати 23:00 бо вақти маҳаллӣ парвоз хоҳанд намуд.
Рӯйхати шаҳрвандони мазкур аз ҷониби Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ тартиб дода шуда, барои интиқол додани онҳо аз Яман ба Маскав ба ҷониби Русия пешниҳод шуд.
Зимни суҳбат бо шаҳрвандон маълум гардид, ки дар ҳоло теъдоди ками шаҳрвандони Тоҷикистон дар ин ҷумҳурии арабӣ боқӣ мемонад. Шаҳрвандон аз Ҳукумати Тоҷикистон ва Русия барои интиқол доданашон аз Яман ба Маскав ва пешвозу гуселонидан изҳори сипос намуданд.

 

Июль 16, 2015 09:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд