Толибон ҳалокати роҳбарашонро тасдиқ намуданд

Июль 31, 2015 05:32

Душанбе, 31.07.15. (АМИТ «Ховар»). — Ҷунбиши Толибон  ҳалокати  роҳбари  худ мулло  Муҳаммад  Умар  Охундро   тасдиқ  намуд. Дар  изҳороти  муштараки Шӯрои  роҳбарикунандаи  ҷунбиш  ва  аъзои  оилаи  роҳбари  маънавии  толибон дар  ин  бора   хабар  дода  мешавад. 
Ин  аввалин  вокуниши  толибон  ба  хабарҳо дар бораи ҳалокати  роҳбарашон  буд. Изҳорот  аз  номи Забиуллоҳ  Муҷоҳид, маъруф ба котиби  матбуотии ҷунбиш, бародари  мулло  Умар  мулло Абдул Манон  Аҳмад ва писарбузурги мулло Умар Муҳаммад  Яқуб интишор  шуд. 
Ёдовар  мешавем, ки  қаблан  бархе  васоити  ахбори омма  зимни  истинод ба шахсони наздик ба роҳбарони ҷунбиши  толибон дар  бораи вориси  мулло  Умар  таъйин   шудани  мулло  Ахтар  Муҳаммад  Мансур   хабар  дода буданд.
Муаллифони  изҳорот тасдиқ  менамоянд, ки  роҳбарашон  тайи  14  соли охир  дар  қаламрави  Афғонистон  буд.  Аз ин  пеш дар   мақомоти  иктишофии  Афғонистон  ба   журналистон  хабар  дода буданд, ки  мулло  Умар  соли  2013 дар  яке  аз  беморхонаҳои  Покистон дар  вазъияти  номаълум  вафот  кардааст.

Июль 31, 2015 05:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд