Туркия тайёраҳояшро ба сарҳади Сурия равон мекунад
Душанбе, 24.07.15. (АМИТ «Ховар»). – Бино ба хабари шабакаи телевизионии «Ал – Арабия», Туркия тайёраҳои қиркунандаро ба сарҳади Сурия, ки дар он ҷо байни сарбозони Туркия ва силоҳбадастони гурӯҳи террористии «Давлати исломӣ» задухӯрдҳо рӯй додаанд, равон мекунад.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки «танкҳои Туркия мавқеъҳои «Давлати исломӣ», воқеъ дар қаламрави Сурияро якчанд маротиба ба нишон гирифтанд».
Сабаби ин иқдоми қӯшунҳои Туркия дар сарҳад сар задани оташфишонии байни сарбозони Туркия ва силоҳбадастони «Давлати исломӣ» мебошад.
Мувофиқи маълумоти охирин, дар натиҷаи бархӯрдҳои мусаллаҳона як хидматчии ҳарбии Туркия ҳалок гардида, панҷ нафари онҳо захмӣ шудаанд.








Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад






