ВАО: қӯшунҳои Сурия беш аз 30 силоҳбадастро нест карданд

Июль 31, 2015 05:35

Душанбе, 31.07.15. (АМИТ «Ховар»). — Қӯшунҳои  Сурия бо  дастгирии ҷанговарони ҳизби шиапарастони «Ҳизбуллоҳ»  дар  водии Забадонӣ  дар 45  километрии  Димишқ  ба пойгоҳи ҷузъу  томҳои  «Давлати  исломӣ» ҳамла оварданд.  Назар  ба  иттилои Агентии САНЪО, дар  ҷараёни  амалиёт  беш  аз  30  ифротталаб  нест  карда шуд. Яке  аз қумондонҳои  саҳроии   гурӯҳи  террористии  «Давлати  исломӣ»  Мааз ал- Абда аз ҷумлаи онҳост. Мувофиқи  маълумоти  агентӣ,  7  силоҳбадаст  таслим  шуд. 
Артиши  Сурия  дар  минтақаи  Палмира  лӯлаи  нафтро таҳти  назорати  худ  қарор  дод. Дар  минтақаи  Гутаи Шарқии  назди  пойтахт оташфишонии  шадид идома дорад.Тавре  ки агентии  САНЪО  хабар  медиҳад, дар  ҷараёни  оташфишонӣ  аз  тӯпҳо анбори  лавозимоти  ҳарбии  ифротиён   нест  карда шуд. 

Июль 31, 2015 05:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар пиряхҳои Помири Шарқӣ ва Марказӣ таҳқиқоти илмӣ-саҳроӣ гузаронида шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
«АБАРМАРДИ ТАЪРИХСОЗ». Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ доир ба корнамоиҳои беназири Президенти Тоҷикистон ба нашр расид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Доир ба мактаби сиёсию давлатдории Пешвои миллат китоб ба нашр расид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Бо донишҷӯёни ғолиби Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» вохӯрӣ доир гардид
Сокинони ноҳияи Рашт туҳфаи Пешвои миллат — «Шоҳнома»-и безаволро дастрас намуданд
Толорҳои алоқа дар Тоҷикистон бештар мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад