ВКД Суғд: аз вилоят 90 нафар дар муқовиматҳои Сурия иштирок дорад

Июль 15, 2015 12:48

Хуҷанд, 15.07.2015. (АМИТ «Ховар», Абдуаҳад Шарифзода).-Тибқи маълумоти фаврии мақомоти корҳои дохилии вилояти Суғд ҳоло   дар муқовиматҳои мусаллаҳонаи давлати Сурия  аз вилояти Суғд  90  сокини шаҳру ноҳияҳои он, аз ҷумла 23 нафар  бо ҳамроҳии  ҳамсар ва 37 нафар бо фарзандони ноболиғ иштирок  доранд.  
Ин нуктаи назар зимни нишасти хабарӣ аз ҷониби сардори Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд  Назарзода Шариф Раҳмон баён гашта, ҳамзамон ӯ илова намуд, ки ҳоло нисбат ба 57 нафари онҳо бо дастрасии моддаи 401 иловаи 1-и кодекси ҷиноӣ  ҶТ парвандаҳои ҷиноӣ оғоз гардида ва 41 нафари онҳо дар кофтукови расмӣ эълон шудаанд.  
Инчунин сардори Раёсат афзуд, ки дар ин муддат бо назардошти даст доштан дар ҷиноятҳои вобаста ба терроризм ва экстремизм 70  ҷинояткори махсусан  хавфнок, аз ҷумла: 27  нафар аъзои иттиҳоди  ҷиноии «Ҳаракати исломии Ӯзбекистон»; 16 нафар -аз ҷамоати «Ансоруллоҳ»; 6  нафар  аз ҷамоати «Ҷундуллоҳ»; 20 нафар аз равияи динии «Салафия», 1  нафар аз ҳизби динӣ-экстремистии «Ҳизб — ут — Таҳрир» муайян ва дастгир  шуданд. 

Июль 15, 2015 12:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд