5 нафар сазовори рутбаҳои генералӣ дониста шуданд

Август 28, 2015 05:16

Душанбе, 28.08.2015. (АМИТ «Ховар»). — Имрӯз бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 5 нафар кормандони сохторҳои қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқ бо рутбаҳои навбатии дараҷавӣ, ҳарбӣ ва махсус сарфароз гардонида шуданд. 
Аз ҷумла, ба поковники адлия Мирзозода Сафаралӣ Раҳим – муовини Прокурори генералӣ-Сарпрокурори ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон рутбаи дараҷавии навбатии «Генерал-майори адлия» дода шуд.
Полковники милитсия Ҳамидзода Бароталӣ Партов-сардори Воҳиди махсуси Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо рутбаи махсуси навбатии «Генерал-майори милитсия»,  полковники милитсия Муҳаммадзода Хуршед Иззатулло-сардори Сарситоди ҳамоҳангсозии воҳидҳои таъиноти махсуси Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо рутбаи махсуси навбатии «Генерал-майори милитсия» ва полковники хизмати дохилӣ Иброҳимзода Нозим – сардори Сарраёсати Хадамоти давлатии оташнишонии  Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо рутбаи махсуси навбатии «Генерал-майори хизмати дохилӣ» сарфароз гаштанд.
Ба полковник Бегназаров Амирбек Саймирович-сардори Раёсати мубориза бар зидди терроризми Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон рутбаи ҳарбии «Генерал-майор» дода шуд. 

Август 28, 2015 05:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид
Дар ҷамоатҳои деҳоти Ясману Ҳоити ноҳияи Рашт ба ифтихори Рӯзи Конститутсия ҳамоиши идона доир гардид
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Хуҷанд бошукуҳ таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии Арбитраж дар Чин иштирок намуд
«КОНСТИТУТСИЯ–САРОҒОЗИ НИЗОМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд