Афзоиши захираи ангишт дар анборҳои корхонаҳои соҳаи саноати ангишт

Август 20, 2015 04:56

Душанбе, 20.08.2015 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).-Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон бо роҳбарони корхонаҳои соҳа чораҳои зарурӣ андешида ҷиҳати иҷрои саривақтии нақшаю уҳдадориҳо вобаста ба таъмин намудани “МБГ Душанбе-2”, аҳолӣ, соҳаҳои маориф ва тандурустӣ бо ангишт ва захираи он то мавсими тирамоҳу-зимистон чораҳои мушаххас дида истодааст.
Истихроҷи ангишт аз аввали сол то моҳи августи соли ҷорӣ ба 485 ҳазор тонна расонида шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли сипаригардида 91,8 ҳазор тонна зиёд мебошад.
Мувофиқи маълумоти фаврии вазорату идораҳои дахлдор, муассисаҳои буҷавӣ бо назардошти бақияи соли сипаригардида ба миқдори 20877,3 тонна ангишт -аз ҷумла: соҳаи маориф 16652,6 тонна, соҳаи тандурустӣ  2761,7тонна ва  сохторҳои қудратӣ 1463 тонна ангишт захира шудааст.
Айни замон, истихроҷи шабонарӯзии ангишт ба ҳисоби миёна 5000-7500 тоннаро ташкил медиҳад, ки муштариён метавонанд аз нуқтаҳои махсуси фурӯши ангишт ва анборҳои корхонаҳои соҳаи ангишт харидорӣ намоянд.

 

Август 20, 2015 04:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Душанбе бо мақсади муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон дар самти эҳёи ёдгориҳои таърихӣ ҳамоиш доир шуд
Дар деҳаи Фатмеви ноҳияи Айнӣ муассисаи таълимӣ бунёд карда мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Барои сазовор таҷлил намудани ин ҷашни миллӣ машварати корӣ доир шуд
«Истиқлоли Тоҷикистон ва эҳёи пайвандҳои таърихию фарҳангии мардумони ориёитабор». Дар ин мавзуъ ҳамоиши илмӣ баргузор мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Бо иштироки кормандони вазорату идораҳо дар Душанбе ҳашари ободонӣ ва тозакорӣ баргузор шуд
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини ноҳияи Ҷайҳун дар замини наздиҳавлигияш киштро барои ҳосили дуюм оғоз намуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар 14-умин Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Макао муаррифӣ мегарданд
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ беш аз 80 фоиз иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Гурӯҳи кории минтақавӣ оид ба моликияти зеҳнӣ иштирок намуд
Вакилони парлумонҳои кишварҳои аъзои ИДМ тарҳи таҳрири нави қонуни намунавии «Дар бораи мақоми ваколатдори ҳуқуқи инсон»-ро тасдиқ намуданд
Дар Хуҷанд сеюмин Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – 2026 баргузор гардид