Ҷавони тоҷик дар ДИИШ: Табиби зӯракӣ

Август 15, 2015 06:28

Душанбе, 15.08.2015 (АМИТ «Ховар»). – Тавре ки иттилоъ дода будем шоми дирӯз аз боздоштгоҳи тафтишотии Душанбе ду нафар ҷавони тоҷик, ки ба доми фиребу найранги таблиғгарони гурӯҳи террористии ба ном «Давлати исломӣ» афтода, ба Сурия рафта буданд ва пушаймон шуда ба Ватан баргаштанд, озод карда шуданд. 
Ҳамсуҳбати мо Қосимов Парвиз Алимаҳмадович соли 1995 дар ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Соли 2012 мактаби миёнаро дар маҳалли зист хатм карда, соли 2013 ба факултаи фарматсевтии Донишгоҳи миллӣ дохил шудааст.
АМИТ «Ховар»: Чӣ шуморо водор кард, ки таҳсилро дар Донишгоҳи миллӣ партофта ба Сурия рафтед?

Қосимов Парвиз: Ман дар Донишгоҳ бо ҳамсабақон дарс мехондам, тасодуфан бо Акмал ном ҷавоне шинос шудам, ӯ худашро аз ноҳияи Файзобод мегуфт. Дар аввал суҳбатҳои хуб мекард. Тадриҷан ӯ маро барои рафтан ба Сурия ташвиқ менамуд, мегуфт, ки дар он ҷо ҷиҳод аст, барои иштирок дар ҷиҳод пули калон медиҳанд. Андак-андак ба гуфтаҳои ӯ бовар кардам ва дар вақти таътили тобистона ба шаҳри Маскав рафтам. Аз Маскав ба шаҳри Истанбули Туркия билети тайёра харидам. Вақте ки ба Истанбул расидам, ба воситаи автобус ба шаҳри Газантеп, ки дар назди сарҳади Сурия ҷойгир аст, ҳаракат кардем.

АМИТ «Ховар»: Шуморо ягон кас пешвоз гирифт?

Қосимов Парвиз: Бале, маро дар Истанбул як ҷавони доғистонӣ пешвоз гирифт.

АМИТ «Ховар»: Ба сарҳади Сурия танҳо рафтед?

Қосимов Парвиз: Не, ғайр аз ман боз чор шаҳрванди давлатҳои аврупоӣ ва як нафар уйғур низ буд. Мо ғайриқонунӣ, пинҳонӣ сарҳадро убур кардем. Чун ба хоки Сурия расидем, намояндагони гурӯҳи ба ном «Давлати исломӣ» моро касбпурсӣ карданд. Ман гуфтам, ки як сол дар Донишгоҳ дар факултаи фарматсевтӣ (дорусозӣ) таҳсил кардаам. Бо шунидани ин хабар маро ба беморхонаи «Машваайша» бурданд. 

АМИТ «Ховар»: Дигаронро ба куҷо бурданд?

Қосимов Парвиз: Намедонам, аммо ҳар нафаре, ки касб надорад, ба майдони ҷанг бурда мешавад.

АМИТ «Ховар»: Дар беморхона шумо чӣ вазифа доштед?

Қосимов Парвиз: Дар он беморхона ба уҳдаи ман расонидани ёрии аввалин ба ҷанговарони ҷароҳатбардоштаи ДИИШ гузошта шуда буд. Дар беморхона ба мо ба хотири ҳифз кардани захмиҳо автомат ва таппонча дода буданд, ки дар вақти ҳамла худ ва беморонро муҳофизат кунем. Ҳамин тавр аз моҳи сентябри соли 2014 ман ба ҷойи таҳсил дар Донишгоҳ дар беморхона ба захмбандии ҷанговарон машғул будам.
Бо модари худ алоқаи телефонӣ доштам ва ба ӯ гуфтам, ки дар Сурия ҳастам. Модарам ба ман таъкид мекард, ки аз ин роҳи ба фиреб рафтаам баргардам. Аммо ман дигар илоҷ надоштам. Мо дар худи ҳамон беморхона зиндагӣ мекардем ва дар ошхонаи ҳамон ҷо ба мо хӯрок медоданд.
Боре барои овардани захмиҳо моро ба майдони ҷанг бурданд. Як араб,  ки ба мо роҳбарӣ мекард, хонаеро интихоб карду гуфт, ки захмиҳоро дар ҳамин хона қабул кунем. Вақте ки мо захмиҳоро қабул мекардем ва ба онҳо ёрии таъҷилӣ мерасондем, ногоҳ дар осмон тайёраи бесарнишин пайдо шуд ва чун дар он хона мардуми бисёрро дид, ҷониби мо зарба зад. Дар натиҷа қариб ҳамаи захмиҳо кушта шуданд, ман аз пой ва гардан захм бардоштам. Сипас, маро ба беморхона бурданд. Муддати 5 моҳ дар беморхона табобат гирифтам. Дар ин муддат тадриҷан фикру ақидаи ман нисбат ба фаъолияти ДИИШ дигар шуд, куштори оммавии мусулмонон ба ман таъсир мерасонд. Ҷиҳодро не, куштори одамони бегуноҳро медидам. 
Дар ин миён модарам низ, ҳар гоҳ, ки бо ӯ тамос мегирифтам, аз ман хоҳиш мекард, ки ба Ватан баргардам. Модарам мегуфт, ки дар Ватан қонун қабул шудааст, ки мувофиқи он, агар кас бо хохиши худ аз амалҳои ҷангӣ даст кашида, ба Ватан баргардад, аз ҷавобгарӣ озод мешавад. Дар баробари ҳамин, вақте намояндагони ДИИШ аз аҳволам мепурсиданд, эҳсос мекардам, ки маро боз ба майдони ҷанг ҷалб карданӣ ҳастанд. Билохира, ба хулоса омадам, ки ба Ватан бармегардам. Ҳамин тавр, мисли сокинони Сурия либос пӯшидам.

АМИТ «Ховар»: Нафаҳмидам, магар сокинони Сурия либоси дигар мепӯшанд?

Қосимов Парвиз: Яъне, риши худро тарошидам, либосҳои аврупоӣ пӯшидам. Ҷанговарони ДИИШ риш доранду силоҳу аслиҳа бо худ мегардонанд, аммо он шаҳрвандоне, ки дар ҷангҳо иштирок намекунанд, мисли одамони мулкӣ либос мепӯшанд. Хулоса, ба таксӣ нишаста, ба ронанда 20 доллар додам ва гуфтам, ки маро ба назди сарҳад бубар.
Ба ман дар як моҳ 100, гоҳ 150 доллар медоданд, ки барои хароҷоти худ сарф кунам. Ман ба ҳамон пул телефони мобилӣ харидорӣ карда будам, ки он бо барномаи махсуси роҳнамоӣ муҷаҳҳаз буд. Ба воситаи ин барнома пешакӣ муайян карда будам, ки ба кадом қисмати сарҳад равам, то худро ба сарҳадбонони Туркия таслим карда тавонам. Хулоса, бо ҳамин роҳ аз Сурия фирор карда, ба сарҳади Туркия расидам. Сарҳадбонони Туркия маро дастгир карданд. Ба онҳо ҳама гапро гуфтам, онҳо маро ба кормандони сафорати Тоҷикистон супурданд. Кормандони сафорат ва мақомоти кишвар маро ба Душанбе фиристоданд. Инак, баъд аз як моҳу даҳ рӯзи дар маҳбас будан, ки дар рафти он мақомоти тафтишот кирдорҳои маро аз санҷиш гузаронид ва тибқи замимаи иловашуда ба моддаи 401 Кодекси ҷиноятии ҶТ аз маҳбас озодам карданд. Хеле хурсанд ҳастаму шукр мегӯям, ки дубора ба Ватани худ расидам. 

АМИТ «Ховар»: Акнун ба чӣ кор машғул мешавед?

Қосимов Парвиз: Бо расидан ба хона хизмати падару модарро мекунам, дубора ба Донишгоҳ дохил мешаваму таҳсилро идома медиҳам. Аз ҳама ҷавононе, ки дар хориҷи кишвар ҳастанд ва ё дар кишвар таҳсилу кору фаъолият доранд, хоҳиш мекунам, ба дурӯғи таблиғгарон дода нашаванд. Зеро дар Сурия ягон ҷиҳод нест, ғайр аз қатлу ғорату одамкушӣ.
Мо ҳамчунин бо модари Парвиз сокини ноҳияи Бохтар Бобиева Тоҷихон, низ суҳбат кардем. Ӯ дар рафти суҳбат гуфт: «Президенти мамлакат иқдоми хуб кардаанд, ки бо ташаббус ва пешниҳоди он кас ба моддаи 401 кодекси ҷиноятӣ замимаи 1 илова карда шуд, ки тибқи он шахсони фиребхурда авф мешаванд. Маҳз ҳамин замимаи иловашуда ба Кодекси ҷиноятӣ дар қалби мо шӯълаи умед афрӯхт, ки дубора ба дидори фарзанд мерасем. Аз ин иқдоми Сарвари давлат шод ҳастаму изҳори миннатдорӣ мекунам.
Аз ҳамаи ҷавононе, ки дар Сурия ҳастанд хоҳиш мекунам, ки ба Ватан баргарданд ва аз падару модарони онҳо давъат мекунам, ки ба фарзандони худ расонанд, ки дар сурати ихтиёрӣ баргаштан аз Сурия ва Ироқ онҳо аз ҷавобгарӣ озод мешаванд», — гуфт дар хотимаи суҳбат Т.Бобиева.

 

Август 15, 2015 06:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар соҳаҳои кишоварзӣ, сохтмон, саноат ва савдои шаҳри Ҳисор беш аз 5,4 ҳазор ҷойи нави кор таъсис ёфтааст
Онлайн-хизматрасонӣ: чӣ тавр метавон масъалаи мобилиро дар якуним дақиқа ҳал намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати адлия, Кумитаи андоз ва Суди Олӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
13 феврал дар Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати адлия, Кумитаи андоз ва Суди Олӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар Агентии омор, Бонки миллӣ, Палатаи ҳисоб ва Хадамоти гумрук нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Кишоварзони Ҳисор беш аз 11,3 ҳазор тонна мева ва хушкмева содирот намуданд
Дар ҳавзаи интихоботии якмандатаи Шоҳмансур №3 ташвиқоти пешазинтихоботии номзадҳо доир гардид
Пагоҳ дар Агентии омор, Бонки миллӣ, Палатаи ҳисоб ва Хадамоти гумрук нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Ширкати «Париматч Тоҷикистон» бо «Лигаи футболи Тоҷикистон» шартномаи ҳамкориро идома дод
Дар Маҷмааи сайёҳии «Сафеддара» Форуми блогерон баргузор мегардад