Барқияи табрикии Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон

Август 31, 2015 05:43

Душанбе, 31.08.2015. (АМИТ «Ховар»). — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Алмазбек Атамбоев барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла омадааст:
«Муҳтарам, Алмазбек Шаршенович,
Солгарди Рӯзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Қирғизистон ба ман имконияти хуберо фароҳам овардааст, ки  Шумо ва тамоми мардуми кишваратонро бо ин рӯйдоди муҳим табрик намоям.
Мутмаинам, ки муносибатҳои анъанавии дӯстонаи байни кишварҳоямон, ки дорои таърихи бисёрасра ҳастанд, дар оянда низ ба манфиатҳои халқҳоямон инкишоф ва таҳким меёбанд.
Тоҷикистон  омода аст робитаҳои зичу асоснокро, ки бо принсипҳои ҳамдигарфаҳмӣ ва эътимод асос ёфтаанд, бо Қирғизистон роҳандозӣ намуда, ният дорад барои густариши устувор ва динамикии ҳамкориҳои  мутақобилан судманди ҳарду ҷониб тамоми корҳои заруриро анҷом диҳад.
Ба Шумо, муҳтарам Алмазбек Шаршенович, сиҳатмандӣ ва комёбиҳои минбаъда орзу намуда, ба халқи бародари қирғиз – тамоми хушиву шукуфоиро таманно дорам». 

Август 31, 2015 05:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд