Барои пухтани палав «Муъҷизадег» ихтироъ шуд
Душанбе, 19.08.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ). — Дар омода кардани оши палави болаззат ғайр аз маҳсулоти тару тоза ва ошпази моҳир, дег низ нақши бузургро мебозад. Иштирокдори фестивал-озмуни «Оши палав» Латиф Азизов инро хуб дарк мекунад. Ин шахс деги камхарҷеро ихтироъ кард. Ғояи ихтирои деги камхарҷи индуксионӣ ба ӯ соли 2012 дар шаҳри Маскав, ҳангоми иштирок дар намоишгоҳи касбии «ПИР-2012» (саноати таом) ба сар омад. «Вобаста аз ихтисос (дар масълаҳои саноати таоми оммавӣ муддати 25 сол боз машғулам) ман дар бисёр конфронсу, семинар ва намоишгоҳҳо иштирок кардаам. Дар доираи намоишгоҳи «ПИР-2012» бунёди озмунҳои ошпазӣ ба нақша гирифта шуда буд. Бо назардошти машҳур шудани таомҳои Осиёи Марказӣ дар Русия, ошпазони давлатҳои Осиёи Марказӣ хостанд оши палав тайёр кунанд. Иштирокдорон тайёр кардани оши палавро аз рӯи дастуруламали хоси ҳар минтақа ба нақша гирифтанд. Мутаассифона, созмондиҳандагони намоишгоҳ омода кардани хӯрокро дар оташи кушода иҷозат надоданд, чунки ин ба меъёрҳои зиддисӯхтории инфрасохтори шаҳр ва толори намоишгоҳ мутобиқат намекард», — иброз дошт мусоҳиби мо.
Ин боис шуд, ки ошпазон имконияти нишон додани маҳорати худро пайдо накарданд ва меҳмонон аз гуногунии тарзу намуди хӯрок лаззат бурда натавонистанд.
«Дар ин ҳолат ман дар фикр задам, барои чӣ як деге тайёр накунам, ки хӯрок дар оташи кушода «пухту паз шуда» технология ва сифатҳои лазизиашро нигоҳ дорад. Ман воситаҳои имкони тайёр кардани палавро аз ҷониби занҳои тоҷик дар хонаҳои шаҳрӣ ва ҷойҳои оммавӣ таҳлил кардам. Чӣ роҳҳоро истифода намебурданд «кордонон». Дар зиндагӣ ман ошҳоеро хӯрдаам, ки дар тоба, дегча, тезпазонак, деги алюминии тагаш ҳамвор тайёр мекарданд, вале ҳамаи онҳо дар сангҳои электрикӣ ва газ тайёр шуда буданд», — мегӯяд ихтироъкор.
Истифодаи санги электрикӣ ё тобаҳо барои омода кардани палав сарфи бисёр талаб мекунад, қувваи барқ зиёд истифода мешавад ва ҳам ноқулай аст. Истифодаи санги электрикӣ гармшавии нобаробари паҳлӯҳои дегро ба бор меорад (танҳо таги дег гарм мешавад), истифодаи газ ва оташи кушода дар ошхонаҳои касбӣ дар шароити шаҳр бошад, бо меъёрҳои бехатарии сӯхтор муайян карда шудааст.
Шарти асосӣ ҳангоми ихтирои «дастгоҳи нав» инҳо буданд: риояи меъёрҳои зиддисӯхторӣ дар шароити шаҳр, самаранокии энергетикӣ, фароҳам овардани реҷаи ҳарорати мӯътадил дар ошхона, идораи дурусти гармӣ, нигоҳ доштани шакли классикии деги чӯян.
«Солҳои охир дар ҷаҳон бо суръати баланд ба истеҳсол воридшавии сангҳои индуксионӣ ҷараён дорад. Дар назди худ ҳадаф гузоштам, ки шакли ғалтаки индуксиониеро бунёд кунам, ки ба кӯрагии чоми дег мутобиқ бошад ва дар он хусусиятҳои баландзичии генератори дастгоҳи нав барои мусоидати нигоҳдории реҷаи гармии классикии тайёркунии палав ба инобат гирифта шавад», — баён мекунад Латиф.
Инноватсия дар ҳамкорӣ бо таҳиякунандагони хориҷии таҷҳизоти индуксионӣ баъди ду сол дар амал татбиқ шуд. Баровардани маҳсулоти ватании навоварона соли 2014 оғоз ёфт — дегҳои индуксионӣ бо ҳаҷми 25 ва 50 литр таҳти бренди тиҷоратии TJ LIK DEG истеҳсол шуданд.
Имрӯз ин таҷҳизот бомуваффақият дар иншооти хӯроквории оммавии марказҳои савдои «Пойтахт-90», «Тахти Наврӯз», «Кохи Истиқлол», меҳмонхонаҳои «Тоҷикистон», «Боғи Ирам», «Хонаи кӯдакони №1», ки дар он ғайр аз палав дигар хӯрокҳои анъанавӣ низ тайёр карда мешаванд, истифода мегардад.
Чунон ки ошпазони муассисаи давлатии «Хонаи кӯдакони №1» нақл мекунанд, вақте Латиф Азизов ба хонаи кӯдакони онҳо санги индуксионӣ ва дег тӯҳфа кард, кор дар ошхона бисёр сабук ва осонтар гашт.
«Ҳангоми истифодаи сангҳои пешина мо бояд аз соати 5-и саҳар тайёр кардани наҳориро шурӯъ мекардем. Дар тобистон дар ошхона бисёр гарм мешуд», — нақл мекунад корманди ошхонаи хонаи кӯдакон Муҳаббат Ҳафизова.
Ба шарофати таҷҳизоти нав шароити кор сабуктар гашта, тайёр кардани хӯрок вақти камтарро мегирад – ҳамагӣ 2-3 соат. «Ин таҷҳизотро пешакӣ гарм кардан зарурат надорад, ҳамин ки гирон кардед, дарҳол гарм мешавад. Бояд қайд кард, ки таомҳо дар чунин дег намесӯзанд ва дар тобистон ошхона салқин аст», — табассум карда мегӯяд Муҳаббат.
Кормандони ин ошхона ҳар рӯз 4 маротиба барои зиёда аз 100 кӯдак хӯрок мепазанд.
«Ман кӯшиш кардам дар маснуоти худ ҳамаи талаботи классикиро нисбат ба технологияи тайёр кардани хӯрок ба инобат гирам. Масалан, чошнии палове, ки дар деги мо дар Конференсияи байналхалқии маркетингӣ тайёр шуда буд, бисёр хуб гузашт. Мо дар даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии «Оши палав» дар шаҳри Душанбе низ ба ҳайси иштирокчӣ ширкат меварзем ва ба ҳамаи хоҳишмандон палавро пешкаш мекунем, то онҳо сифату лаззати онро баҳо диҳанд», — қайд кард ихтироъкор.
Қаҳрамони мо бо натиҷаи бадастоварда қаноат накарда дар айни замон ба таҳияи оташдони камхарҷ машғул аст.
Бо назардошти хусусиятҳои камхарҷии ин таҷҳизот, манфиатҳое, ки дорад, бехатарии сӯхтор, мутобиқат ба меъёрҳои санитарӣ ва дигар бартариҳояш, сохторҳои хӯроки ҷамъиятӣ, мактабҳо, духтурхонаҳо, боғчаҳо, қисмҳои ҳарбӣ, тарабхонаҳо, қаҳвахонаҳо ва ғ. метавонанд аз он истифода баранд. Маснуотро метавон ҳангоми чорабиниҳо ва идҳои калон дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, комплексҳои бисёрошёнаи истиқоматӣ ҷойгир кард.
Ёдрас мешавем, ки 22 август дар Душанбе озмуни «Оши Палав» баргузор мегардад, ки дар он ғайр аз палав маҳсулот ва ашё омодаву пешкаш ва ба фурӯш гузошта мешаванд.