Бонувони Кӯлобшаҳр ободкоранд
Душанбе, 24.08.2015. (АМИТ «Ховар», Ситораи Боймурод).- Тибқи иттилои Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, моҳи сентябри соли равон, дар арафаи ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар шаҳри Кӯлоб дигар ҷашнҳои бузург низ аз қабили «700-солагии мутафаккири шарқ Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ» ва «70-солагии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб» бо шукуҳ бунёд мегарданд, ки дар онҳо иштироки шумораи зиёди меҳмонони олиқадр дар назар аст.
Бо мақсади сазовор таҷлил намудани ин ҷашнҳо, бонувони шаҳри Кӯлоб дар корҳои ободонӣ камари ҳиммат баста, ҳамарӯза ҳашар ташкил мекунанд. Бонувон ба тоза кардани маҳали зист ва ҷойҳои ҷамъиятӣ, сабзгардонию гулшинонии кӯчаю хиёбонҳо, рӯбучини атрофи иншоот ва дигар корҳои ободонию созандагӣ машғуланд.
Занону ҷавондухтарони Кӯлобшаҳр ҳисси баланди масъулият ва хештаншиносӣ нишон дода, саҳми худро дар ободонии кишвар мегузоранд ва омодаанд то меҳмони оилақадрро бо нону намак самимона қабул намуда, фарҳангу маданияти волои меҳмоннавозии тоҷиконро поянда нигоҳ доранд.








20 июл дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Бонки миллӣ ва Агентии омор нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 43 дараҷа гарм мешавад
ДАР МАСИРИ ИЛМУ МАЪРИФАТ. Эҳдо ба рӯзи таъсисёбии Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар корхонаҳои саноатии ноҳияи Шоҳмансур ба маблағи беш аз 600 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад






