Боз 17 ҷангии Толибон маҳв гардид

Август 3, 2015 06:50

Душанбе, 03.08.2015 (АМИТ «Ховар»).- Дар минтақаи Қайсари шимоли музофоти Форёби Афғонистон бар асари даргириҳои дохилии ҷангиёни Толибон 11 нафар кушта шуд.
Бино ба иттилои роҳбарияти ҳарбии маҳаллӣ, бархӯрд байни дастаҳои Мулло Ҳафизуллоҳ ва Мулло Абдул Самад ба миён омад.  Ин ихтилоф пас аз иваз шудани роҳбарияти Толибон ва эътирофи далели марги Мулло Умар сар зад.
Ёдовар мешавем, ки хабари фавти Мулло Умар боиси шиддат гирифтани муборизаи сиёсӣ дар сафи Толибон гардида, ихтилофи дохилии онро дучанд кард.
Бино ба иттилои оҷонсии «Пажвок», дар ҳудуди минтақаи мазкур боз 6 ҷангии Толибон дар натиҷаи таркиши мина, ки онро мехостанд дар сари роҳ насб кунанд, ба ҳалокат расидаанд.

Август 3, 2015 06:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд