Чаро «Ҷиҳодӣ Ҷон» аз ДИИШ фирор кард?

Август 8, 2015 06:41

Душанбе, 08.08.2015. (АМИТ «Ховар», Тоҷиддин Аҳмадзода).- Террористи бритониёӣ Ҷиҳодӣ Ҷон шаш моҳ  баъд аз он ки шахсияташ муайян гардид аз тарси ҷони худ тарки Давлати Исломӣ намуд. Тибқи манбаи рӯзномаи бритонӣ  « Дейли Экспресс »,  Ҷиҳодӣ Ҷон мегӯяд: ДИИШ-ро барои он тарк намудам, ки шояд рӯзе маро мисли як санг берун андозад ,ё шояд бадтар аз он. Эҳсос кардам, ки мисли қабл ба манфиати ДИИШ истифода шуда наметавонам. Ҷон, ки номи аслияш Муҳаммад Имвозӣ аст, ин шуҳрати бадро дар сатҳи Ҷаҳонӣ баъд аз он ба даст овард, ки  гурӯҳи террористии ДИИШ порчафилмеро моҳи августи 2014 дар сомонаҳои иҷтимоӣ дар ҳоле, ки ӯ сари хабарнигори амрикоӣ Ҷеймс Фулиро мебурид, ба намоиш гузошт. Дён  Фулӣ, модари Ҷеймс дар сафҳаи Фейсбуки худ дар хусуси писараш, ки баъди ду моҳи дар асорати ДИИШ буданаш  кушта шуд,  навишта аст: «Мо ҳеҷ вақт бо писарамон Ҷеймс чунин фахр накарда будем». Вай илова намуд: «ӯ худро дар роҳи расонидани ҳақиқати шиканҷаи мардуми Сурия ба ҷаҳониён қурбон кард». Ҳоло Ҷон аз ҷониби Амрико ва Бритониё бинобар сабаби ҷиноятҳое мисли қатли хабарнигорон  ва кормандони созмонҳои наҷотдиҳӣ: Ҷеймс Фулӣ , Стефан Сувтлуф, Девид Ҳойнз, Олон Ҳененҷ, Бетер Косиҷ ва ғайраҳо анҷом дода аст, дар пайгарди ҷиноятӣ қарор дорад. Охирин порчанаворе, ки дар онҷо Ҷиҳодӣ Ҷони  Кувайтизода, ки 26 сол умр дорад зоҳир шуд, ӯ сари як хабарнигори Япониро бо номи Кин Ҷӣ Гуту мебурид. Рӯзномаи бритонӣ  «Дейли Экспресс », тахмин мезанад, ки Имвозӣ шояд барои ҷиҳод бо ҷиҳодиҳои нисбатан камшӯҳраттар ба дигар минтақаҳои Сурия рафта бошад то таваҷҷӯҳи оммаро аз худ дур созад. Рӯзномаи «Вашингтон Пост» бошад, парда аз рӯй ин террористи ниқобпӯш моҳи феврал бардошт. Ба гузориши ин рӯзнома, Имвозӣ дар ғарби Лондон дар оилаи миёнаҳол бузург шуда аст. Дипломи соҳаи компютериро дар Донишгоҳи «Вестминстер» дарёфт кардааст. Дар хусуси Имвозӣ ривоятҳо гуногунанд.  Мегӯянд ӯ дар Мактаб ва Донишгоҳ ба қоидаҳои ислом пойбанд буд. Ривояти дигар чунин мегӯяд, ки ӯ аслан ба ислом он қадар аҳамият намедод ба машруботу нӯшиданиҳо ва мухаддирот даст мезад.
Ҷиҳодӣ Ҷон кай ифротӣ гашт?
Ҷон баъд аз гирифтани дипломи Донишгоҳи «Вестминстер» мехоҳад ба  Танзания сафар кунад. Вале ӯ  дар роҳ  аз Ҷониби қувваҳои амният бо шубҳаи пайваст шудан ба қувваҳои террористии Сомалӣ  боздошт ва маҳкам мешавад. Баъд аз солҳо Имвозӣ ба Кувайт кӯч мебандад ва баъд аз он ки ба Лондон бар мегардад, бо чанд далел маҳкум ба зиндон мегардад. Дар ниҳоят барои дигарбора ба Қувайт баргаштан аз ҷониби қувваҳои амниятии бритониёӣ мамнуъ мешавад. Имвозӣ дар номаи электрониаш ба дӯсташ менависад: Ман ҳис мекунам, ки маҳбусам, на дар қафас балки дар Лондон ва аз ҷониби масъулини амниятӣ, ки намемонанд дар зодгоҳам Қувайт зиндагӣ кунам. Пас дигар чигуна тарки Лондон кардану ба Кувайт омадани ӯ он қадар возеҳ нест.
Фирори Имвозӣ ба ӯ чӣ медиҳад?
Гузоришҳо мегӯянд Имвозӣ аз он метарсад, ки нархи ӯ баъди ифшо гаштани арзишаш дар бозори ДИИШ ҳамчун узви фаъол аллакай пойин омада аст. Ва бо назардошти он ки ДИИШ аз ҷониби ВАО зиёд пардапӯшӣ шудааст, вале то кунун ин гурӯҳ аксари амалҳои террористиашро дар зери парда анҷом медиҳад. Ва ҳатто Абубакри Бағдодӣ, саркардаи ин гурӯҳ як шахси мармуз ва нисбатан на он қадар маърӯф маҳсуб меёбад. Ва дар бораи шарҳи ҳолаш маводи зиёд дар даст нест, менависад, Вашингтон Пост.
Агентии мухобиротии Амрико соли гузашта теъдоди аъзои ДИИШ-ро 20 000 эълон карда буд. Ва шояд фирори чунин узв мисли Ҷиҳодӣ Ҷон бо назардошти  чунин ҷиноятҳо, ки боиси пайдо кардани шуҳрати бад-и ҷаҳонӣ шудаанд ба назар чандон таъсирпазир ба ин гурӯҳ набошад, вале нуқтаи асосӣ ва муҳим он аст, ки ин созмони террористӣ аллакай дар дохили худ ба чандин изтиробот мувоҷеҳ аст. Ва Абубакри Бағдодӣ роҳбари ин гурӯҳи террористӣ як ҳафта қабл эълон карда буд, ки ДИИШ дигар наворҳои дорои хусусияти одамкуширо, ки барои террористони ба мисли Ҷон ҳамчун рамз гардида буд, дар шабакаҳои иҷтимоӣ нахоҳад гузошт. Бояд гуфт, ки фирори Ҷон Ҷиҳодӣ ва изҳороти Абубакри Бағдодӣ худ гувоҳи аз байн рафтан ва ба нестӣ наздик шудани ин созмони террористӣ мебошад. Ва тамоми нафароне, ки ба узвияти ДИИШ мепайванданд ҷуз пушаймонӣ чизи дигаре ҳосил нахоҳанд кард. Мавриди зикр аст, ки нафароне, ки аз дасти ДИИШ рӯ ба фирор ниҳодаанд ададашон қобили шумор нест , вале асли матлаб ин аст, ки ҳадаф инҷо ҷиҳод нест, балки манфиати дунявии чунин муздурон мисли Ҷон мебошад.

 

Август 8, 2015 06:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Норак фестивали «Сад ранги чакан» ҷамъбаст гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Кӯлоб машқҳо ва амалиёти низомӣ доир шуданд
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар таҳкими Артиши миллии Тоҷикистон тавассути омодасозии мутахассисон саҳм мегузорад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи соҳаи кишоварзии шаҳри Истаравшан шинос шуд
Беш аз 700 соҳибкори Бадахшон бо дастгоҳи назоратӣ-хазинавӣ таъмин мешавад
«ПАЁМ — РОҲНАМО БАРОИ ИҶРОИ ҲАДАФҲОИ ШОИСТА». Таҳти ин унвон ҳамоиши илмӣ-назариявӣ баргузор шуд
Дар мақомоти Ваколатдор бахшида ба 32-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамоиши идона доир гардид
БӮЙИ БАҲОР МЕРАСАД. Тоҷикистониёнро дар ин фасл чӣ гуна ҳаво интизор аст?
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 17 дараҷа гарм мешавад
Дар қисми низомӣ дар вилояти Суғд Рӯзи дарҳои кушод доир гардид