Дастаи «Паҳанг»-и Малайзия барои бозӣ бо дастаи «Истиқлол” ба Душанбе омад

Август 25, 2015 05:21

Душанбе, 25.08.2015 (АМИТ «Ховар»,).-Шоми Дирӯз, 24 августи соли равон дастаи «Паҳанг»-и Малайзия барои бозии аввали 1/4 финалии Ҷоми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё) бо «Истиқлол”-и Тоҷикистон ба Душанбе омад. 
Ба иттилои сомонаи расмии дастаи футболи «Истиқлол”, ба ҳайати даста 15 футболбоз шомил буда, меҳмонон  дар меҳмонхонаи «Ҳаятт Риҷенси Душанбе» ҷойгир шудаанд. 
Ёдовар мешавем, бозии аввали 1/4 финалии Ҷоми AFC байни «Истиқлол» ва «Паҳанг» рӯзи чоршанбе, 26 август, дар Варзишгоҳи марказии Душанбе, соати 20:00 шурӯъ мешавад. Бозии ҷавобӣ 16 сентябр дар Куантана барпо мегардад.
Дар мавриди пирӯзӣ «Истиқлол» дар даври ниманиҳоӣ бо ғолиби ҷуфти КВ «Кувайт» (Кувайт) — «Китчӣ» (Ҳонконг) рақобат хоҳад кард.

Август 25, 2015 05:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад